Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко хостори идомаи таҳримҳои зидди Русия аст


Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко дар сӯҳбати телефонӣ бо раиси Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер ба аҳамияти ҳамрайъӣ ва ягонагии ИА дар масъалаи таҳрими Русия то замони барқарор шудани якпорчагии қаламрави Украина, аз ҷумла бозгашти Қрим таъкид кардааст.

Ба иттилои маркази матбуотии раёсатҷумҳурии Украина, Порошенко ба раиси Комиссияи Аврупо дар бораи вазъият дар Донбасс низ иттилоъ додааст.

Раиси Комиссияи Аврупо ваъда додааст, ки барои Иттиҳоди Аврупо масъалаи Украина аз масоили аввалиндараҷа боқӣ мемонад.

Кишварҳои ғарбӣ илҳоқи Қрим аз сӯйи Русияро эътироф намекунанд ва барои ин зидди Русия як қатор таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кардаанд. Русия тасарруфи нимҷазираро рад мекунад ва ин амрро "барқарории адолати таърихӣ" медонад.

XS
SM
MD
LG