Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дуюми бонги изтироб дар Брюссел


Брюссел таҳти баландтарин сатҳи бонги изтироб ба далели таҳдиди, ба гуфтаи мақомот, “ҷиддӣ ва ногузир”-и ҳамлаи террористӣ боқӣ мемонад. Ин сатҳи омодабош дар пойтахти Белгия рӯзи 21 ноябр эълон шуд. Метрои Брюссел дар рӯзҳои истироҳат баста буда, чорабиниҳои бузург, ба мисли бозиҳои футболро ҳам лағв кардаанд. Дар қаторҳову истгоҳҳои роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо низ тадобири амниятиро тақвият додаанд. Сарвазири Белгия Шарл Мишел гуфт, “маълумоти хеле дақиқ дар бораи хатари ҳамлаи монанд ба ҳамлаҳои Порис” сабаби иттихози чунин тадбирҳои шадиди амниятӣ шудааст. Рӯзи 13 ноябр дар ҳамлаҳои Порис 130 нафар кушта шуданд. Масъулияти он ҳамлаҳоро созмони тундрави “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт. Брюссел дар меҳвари таҳқиқи он қазия қарор дорад, чунки ду тан аз маргталабони Порис дар Белгия ба сар мебурданд. Салоҳ Абдусалом, яке дигар аз ҳамлагарони Порис низ, бовар меравад, дар Белгия пинҳон шудааст.

XS
SM
MD
LG