Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду гаравгон аз сӯи "Давлати исломӣ"


Гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз қатли ду гаравгон – шаҳрвандони Норвегия ва Чин хабар дод. Маҷаллаи Dabiq, ки аз сӯи ситезаҷӯён нашр мешавад, рӯзи 18 ноябр акси гаравгонҳои эъдомшуда - Оле Йоҳан Гримсгорд-Офстад ва Фан Цзинхуэйро нашр кард. Дар бораи он ки онҳо дар куҷо ва чӣ гуна кушта шудаанд, иттилое нест.

Нахуствазир Норвегия Эрна Солберг изҳор намуд, ки ба қатл аз сӯи ситезаҷӯён заррае шубҳа надорад ва ин кушторро “амали барбарона ва нафратовар” номид.

Вазорати умури хориҷии Чин изҳор намуд, ки ситезаҷӯёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” аз одаму одамигарӣ фарсахҳо дуранд ва онҳо дар сатҳи пойинтарини ахлоқ қарор доранд.

Моҳи сентябр маҷаллаи Dabiq дар як эълоне, ки чун реклама нашр шуда буд, дар бораи дар фурӯш гузоштани ду мард – як норвегиягӣ ва як чиноӣ хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG