Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташдиди чораҳои амниятии ҳавопаймоҳои Русия


Давлати Русия ба ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар тавсия додааст, то ба ҳангоми анҷоми парвозҳо ба 47 кишвари ҷаҳон, ба шумули Тоҷикистон, аз тадобири шадиди амниятӣ кор гиранд. Ҳамчунин, тавсия шудааст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия қабл аз парвоз ба ин кишварҳо дар ҳавопаймо ба миқдори кофӣ маводи ғизоӣ ва оби ошомиданӣ захира кунанд.

Аз сӯйи дигар, ҳавопаймоҳои русӣ ба ҳадди имкон аз истифодаи кормандони фаннии фурудгоҳҳои кишварҳои дигар барои хидматрасонии техникӣ ба ҳавопаймо бояд худдорӣ кунанд. Ин тадобири шадиди амниятӣ дар пайи баёнияи Александр Бортников, раиси Хадамоти амнияти миллии Русия дар мавриди илатҳои суқути ҳавопаймои А321-и ин кишвар дар фазои Синойи Миср бар асари инфиҷори бомба ҷорӣ шудааст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 6 ноябри соли ҷорӣ дар бораи манъи парвозҳо ба Миср фармонеро имзо карда ва ширкатҳои ҷаҳонгарди ин кишвар саёҳат ба тафреъгоҳҳои Мисрро мамнӯъ карданд. Зимнан, рӯзи 31 октябри соли ҷорӣ ҳавопаймои А321-и ширкати “Когалимавиа”-и Русия, ки дар масири Шарм-ул-Шайхи Мисру Санкт-Петербург парвоз мекард, дар нимҷазири Синой суқут кард. Дар натиҷа 217 мусофир ва 7 узви хадамаи ҳавопаймо кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG