Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷони ҷиҳодӣ"-ро дар Сурия куштаанд


Телевизиони Би Би Си аз қавли як мақоми баландрутбаи низомии Бритониё навиштааст, ки «ба эҳтимоли зиёд» ҷангҷӯи бритониёии маъруф бо номи «Ҷони ҷиҳодӣ» дар ҳамлаи ҳавопаймои амрикоӣ дар Сурия кушта шудааст. Вазорати дифои Амрико рӯзи 12-уми ноябр гуфт, ки ҳавопаймои бесарнишин дар шаҳри Раққаи Сурия як мошинеро маҳв кард, ки дар он як узви ниқобпӯши гурӯҳи Давлати исломӣ нишаста буд ва дар чанд видео ҳангоми сар буридани гаравгонон дида шудааст. Ба гуфтаи вазорат, мақомот ҳоло муайян мекунанд, ки оё зимни зарбаи ҳавоӣ ҷангҷӯи бритониёӣ, ки номи аслиаш Муҳаммад Эмвозӣ аст, кушта шудааст ё не. Як гаравгони собиқ Муҳаммад Эмвозиро фарди хуношоме тасвир кардааст, ки аз таҳдид ба гаравгонони ғарбӣ лаззат мебурд ва шарҳ медод, ки чӣ гуна сари гаравгоноро мебуранд. Муҳаммад Эмвозӣ, ки барномарези компютерӣ будааст, дар Кувайт ба дунё омада ва волидонаш соли 1993 ба Бритониё кӯч бастаанд.

XS
SM
MD
LG