Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобутҳои ҳазораҳо ба Ғазнӣ интиқол ёфтанд


Намоиши эътирозӣ дар Зобул
Намоиши эътирозӣ дар Зобул

Раҳбари эътирозҳои ахир дар Кобул алайҳи қатли ваҳшиёнаи ҳафт ҳазора мегӯяд, ки ҷасади ҳафт нафари кушташуда дар зодгоҳашон ба хок супурда мешавад.

Лилиа Муҳаммадӣ рӯзи 12 ноябр гуфт, ки ҷасадҳи чаҳор мард, ду зан ва як кӯдак рӯзи панҷшанбе аз Кобул ба вилояти Ғазнӣ интиқол ёфтанд. Муҳаммадӣ ташаббускори намоиши эътирозии рӯзи 11 нобяр буд, ки ҳазорон нафар тобутҳои ҳазораҳои эъдомшуда боло даст ба назди кохи раисиҷумҳури Афғонистон омаданд ва аз мақомот таъмини амнияти мардумро талаб карданд. Эътирозгарон, ки бештарашон ҳазораҳо буданд, “Марг ба Толибон!” шиор заданд ва хостори истеъфои раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси ҳукумати иҷроияи Абдулло Абдулло шуданд. Созмондиҳандагони намоиши эътирозӣ дар мулоқот бо раҳбарони кишвар шоми 11 ноябр талаби худ барои таъмини амният дар Афғонистонро такрор намуданд.

Рӯзи 12 ноябр дар вилояти Зобул ҳам алайҳи куштори ваҳшиёнаи ҳазораҳо намоиши эътирозӣ баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ситезаҷӯён дар волусволии Арғандоби вилояти Зобули Афғонистон 7 тан аз ҳазораҳо, аз ҷумла, 2 зан ва як кӯдакро сар буриданд. Онҳо шаш моҳ пеш аз вилояти Ғазнӣ рабуда шуда буданд.

Мақомоти амниятии Афғонистон иддаои “Толибон”-ро, ки гӯё ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” ҳазораҳоро сар бурдидаанд, рад ва ангушти иттиҳом сӯи худи онҳо карданд.

XS
SM
MD
LG