Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашқободу Кобул лӯлаи газро бунёд мекунанд


Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ дар бораи шурӯи бунёди хатти лӯлаи газе, ки маводи сӯхти Туркманистонро тавассути қаламрави Афғонистон ба Покистону Ҳиндустон мерасонад, ба тавофуқ расиданд.

Сарони ду кишвар ин мавзӯъро рӯзи 10 ноябр дар як сӯҳбати телефонӣ баррасӣ карданд. Ашраф Ғанӣ даъвати Бердимуҳаммадов дар бораи ширкат дар маросими ифтитоҳи лӯлаи газ дар рӯзи 13 декабрро пазируфт ва ин тарҳро барои ҳама минтақа басо муҳим номид.

Тӯли хатти лӯлаи газ 1735 километр буда, тавассути он ҳамасола 33 миллиард метри мукааб гази Туркманистон аз тариқи хоки Афғонистон ба Покистон ва Ҳиндустон интиқол меёбад.

Маблағи умумии тарҳ 7.6 миллиард доллар буда, дар бунёди он “Туркменгаз” ва “Туркменгазнефтстрой” ширкат хоҳанд кард.

Афғонистон метавонад ҳамасола то 5 миллиард метри мукааб газро истифода бурда, аз транзити он ҳар сол тақрибан 400 миллион доллар фойида бигирад.

XS
SM
MD
LG