Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Берун омадани 5 шаҳрванди Тоҷикистон аз Абхозистон


Муҳаммад Эгамзод
Муҳаммад Эгамзод

8 ноябр сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки бо ҳамкории сафорат бо ниҳодҳои зидахли ҷониби Русия барои баровардани 5 шаҳрванди Тоҷикистон аз Абхозистон муваққатан долоне боз кардаанд ва ин 5 нафар барои бозгашт ба ватан тавассути посгоҳи марзии Адлер аз Абхозистон баромадаанд.

Муҳаммад Эгамзод-сухангӯи сафорат гуфт, Зафар Абдурашидов, Толибҷон Ҷӯраев, Аҳмадхон Ҳазратов, Наврӯз Мелибоев ва Умедҷон Шарипов бо ҳавопаймои парвози Сочӣ-Хуҷанд ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Ин 5 нафар барои тамдиди иқомати худ дар қаламрави Русия ба хоки Абхозистон гузаштаанд, вале дар бозгашт онҳоро ба қаламрави Русия роҳ надодаанд.

Сафорати Тоҷикистон аз шаҳрвандони худ дар Русия хостааст, ки дар оянда аз ин гуна сафарҳо худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG