Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даьвати Русия ба рӯйхат кардани мухолифини Сурия


Де Мистура ва Лавров
Де Мистура ва Лавров

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров хостори тавофуқ дар мавриди рӯйхати гурӯҳҳои мухолифини Сурия, ки бояд ба музокироти сулҳи таҳти миёнавии СММ даъват шаванд, шуд. Лавров рӯзи 4 ноябр дар Маскав баъди мулоқот бо фиристодаи СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура гуфт, мухолифин бояд барои музокирот бо Димишқ як ҳайъати воҳид ташкил диҳанд. Де Мистура гуфт, муҳим ташкили як ҳукумати фарогир дар Димишқ аст. Рӯзи 30 октябр дар нишасти Вена тавофуқ шуд, то СММ миёнаравӣ дар музокироти сулҳ байни режими Башор Асад ва мухолифинашро бар ӯҳда бигирад. Ин музокирот бояд роҳро ба сӯи таҳияи Қонуни асосии ҷадид ва интихоботи таҳти назорати СММ дар Сурия ҳамвор кунад. Вале ихтилофи назарҳо дар мавриди сарнавишти Асад боқӣ мемонад. Ғарб ва Арабистони Саудӣ мехоҳанд, ӯ тарки мақом кунад. Русия ва Эрон ба ин мухолифанд.

XS
SM
MD
LG