Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пазироиии Назарбоев аз сӯи маликаи Бритониё


Назарбоев ва Камерон
Назарбоев ва Камерон

Маликаи Бритониё Елизаветаи 2 рӯзи 4 ноябр дар Қасри Букингем барои раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зиёфат орост. Рӯзи 3 ноябр сарвазири Бритониё Девид Камерон дар пайи имзои қарордодҳо ба маблағи 4,6 миллиард доллар гуфт, ӯ Бритониёву Қазоқистонро “шарик дар роҳи шукуфоӣ ва пешрафт” мебинад. Камерон тибқи ин қарордодҳо сохтани 4 корхонаи газ ва корхонаи фӯлодгудозӣ дар Қазоқистонро аз нуқоти муҳими равобити тиҷории ду кишвар ном бурд. Ҳомиёни ҳуқуқ давлати Бритониёро айғбдор мекунанд, ки тиҷоратро аз масоили ҳуқуқи башар боло мегузорад. Вале Даунинг Стрит гуфт, сарвазир дар мулоқот бо Назарбоев, ки дар моҳи апрел бо касби 98 дарсади оро дигарбора раисиҷумҳур интихоб шуд, масоили ҳуқуқи инсонро низ матраҳ кардааст.

XS
SM
MD
LG