Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замимаи “Мigrant” мушкили муҳоҷиронро ҳал мекунад


Як ширкати ҳуқуқӣ дар Русия барои кам кардани саргардониҳои муҳоҷирон замимаи вижаеро барои телефонҳои ҳушманд омодааст кардааст, ки имкон медиҳад ба суолҳои худ дар мавриди ҳаққи вуруд ба Русия, ҷавоб дарёфт кунанд.

Як ширкати ҳуқуқӣ дар Русия барои кам кардани саргардонии садҳо ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус аз Тоҷикистону Узбакистон, замимаи махсусеро барои телефонҳои ҳушманд омода кардааст, ки имкон медиҳад, ба суолҳои мубрами худ, бахусус дар бораи ҳаққи вуруд ба Русия ва ё мӯҳлати иҷозаи корашон посух бигиранд.

Замимаи “Migrant” ки ширкати хусусии ҳуқуқии “LexMobile” дар Маскав омода кардааст, дар муддати камтар аз ду моҳ ва то 31-уми октябр бештар аз 5 ҳазор корбар пайдо кардааст. Ҳар як муҳоҷири корӣ, хоҳ дар дохил бошад ва ё хоҳ дар хориҷ метавонад, замимаи (приложение) “Migrant”-ро дар телефони ҳушманди худ насб кунад ва сипас тафтиш кунад, ки ҳаққи вуруд ба Русияро дорад, ё не? Нишонии замима дар инҷост:

https://play.google.com/store/apps/details?id=com.lexmobile.migrant

Ботирҷон Шерматов, ҳуқуқшиноси ширкати “LexMobile” 10 сол боз муқими шаҳри Маскав аст ва рӯзона ба онҳо даҳҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоташон муроҷиат мекунанд. Ботирҷон мегӯяд, ҳомиёни ҳуқуқ ва ё ҳуқуқшиносон имкон доранд, теъдоди маҳдуди муҳоҷиронро аз мушкилоту дарди сар ва расмиёт халоса кунанд, вале замимаи “Migrant” иҷоза медиҳад, худи муҳоҷирон бе даводаву саргардонӣ бубинанд, ки дар кадом вазъи ҳуқуқӣ қарор доранд ва бояд дар оянда чӣ кор кунанд.

“Зиндагии муҳоҷирони моро бо ҳамингуна барномаҳо бисёр осон кардан мумкин аст. Азбаски масъалаи манъи вуруд ба Русия ҳоло бисёр масъалаи доғ аст, мо дар замима аз ҳамин шурӯъ кардем. Ҳамаи муҳоҷирон дар дасташон компютер надоранд, ки бубинанд, ҳаққи даромадан ба Русия доранд, ё не. Вале аксарият телефонҳои ҳушманд доранд ва метавонанд бо замимаи “Migrant” тафтиш кунанд, ки ҳаққи вуруд ба Русия доранд, ё патенташон қалбакӣ набуда воқеӣ аст.” – мегӯяд Ботирҷон Шерматов.

То кунун бештар аз 200 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудаанд ва бисёре аз онҳо бахусус сокинони рустоҳои дурдаст намедонанд, ки кай ҳақи бозгашт ба Русияро пайдо мекунанд. Бисёр шудааст, ки баъзе аз онҳо ба шаҳрҳои Русия рафтаанд ва маҳз дар онҷо фаҳмидаанд, ки ҳақ надоранд, барои ду ё се соли дигар ба ин кишвар биёянд ва сарсон шудаанду бо харҷи бештар ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Ботирҷон Шерматов мегӯяд, барои фаҳмову осон кардани замимаи “Migrant” онро бо се забон, тоҷикӣ, ӯзбакӣ ва русӣ омода кардаанд. Дар ин замима шумо метавонед, ному насаб ва шумораи шиносномаи худро ворид кунед ва иттилоъро ба Хадамоти муҳоҷирати Русия бифристед ва баъди муддати кӯтоҳе ба шумо посух меояд, ки шумо ҳаққи вуруд ба Русияро доред, ё не. Ягона мушкилӣ ба гуфтаи Ботирҷон Шерматов ин аст, ки шумо маълум карда наметавонед, шумо то кадом вақт аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаед, зеро ин иттилоъро Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия пешниҳод намекунад.

Айни замон замимаи “Migrant” фақат дар Гугл Плей ва барои телефонҳое омода шудааст, ки бо нармафзори Андроид кор мекунанд. Замима барои Айфонҳо ҳоло озмоиш мешавад ва дар ояндаи наздик мумкин аст, дар Апп Стор ҳам пайдо шавад. Насби замима ройгон аст ва муҳоҷирон пуле барои насби он намепардозанд. Замима, ки ҳоло соддаву оддӣ аст ва фақат имкони тафтиши ҳаққи вуруд ва қонунӣ будани патент ва ё иҷозаи кори муҳоҷирро фароҳам кардааст, қадами аввал дар пешниҳоди хадамоти ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ будааст.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси ширкати “LexMobile”, мумкин аст, барномарезон барои мукаммал кардани замимаи “Migrant” кор мекунанд ва мумкин аст, дар оянда имконоти ин замима васеътар карда шавад. Аз ҷумла, муҳоҷир метавонад, ИНН ва ё шумораи мушаххаси андозсупорро муайян кунад, ки аз муҳоҷирон барои гирифтани патент мепурсанд.

“Дигар ин ки замима ба муҳоҷирон ёдрас мекунад, ки пули патенро пардозанд, зеро муҳлати он ба поён мерасад. Ҳамчунин замима ба муҳоҷир ёдрас мекунад, ки сабти иқоматашро (регистратсия) дароз кунад. Дар оянда, функсияи пардохти пули патентро ба он ворид мекунем, шояд ё аз тариқи корти бонкӣ шавад, ё бо пардохти пул аз тариқи телефони мобил.”- гуфт, Ботурҷон Шерматов.

Ҳазорон муҳоҷири кории тоҷик ва ё аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои фаромӯш кардани пардохти пули патент ва дароз кардани муҳлати он аз иҷозаи кор маҳрум шудаанд ва барои аз нав гирифтани ин санад сарсону саргардон гашта ва пули зиёд талаф додаанд. Русия кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Осиёи Марказист ва фақат аз Тоҷикистон дар онҷо бештар аз як миллион нафар кору иқомат мекунанд. Теъдоди муҳоҷирони Узбакистон дар Русия аз 2 то 5 миллион нафар гуфта мешавад.

Бо вуҷуди онки худи мақомоти Русия дар гузашта хостори раҳандозии замимаҳои телефонӣ барои муҳоҷирон дар ин кишвар шудаанд, аммо ингуна замимаҳо зиёд нест. Танҳо моҳи июли гузашта, пойгоҳи интернетии “Русия барои ҳама” ва ё rus4all.ru замимаи телефонии ҳамин вебсайтро ҳам дар Апп Стор ва ҳам Гугл Плей ворид кард, ки имкон медиҳад, муҳоҷирон забони русӣ биомузанд. Нишонии замима дар инҷост:

https://play.google.com/store/apps/details?id=ru.rian.rus4all

XS
SM
MD
LG