Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нома ба Керри қабл аз сафараш ба Осиёи Марказӣ


Кумитаи ҳимояи хабарнигорон аз вазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керри хост, ки ҳангоми сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи фишорҳо ба расонаҳои ахбори омро матраҳ кунад. Дар номае ба унвони раҳбари Департаменти давлатӣ, ки дар ҳафтаи ҷорӣ бояд аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дидан кунад, фаъолон хостанд, ки ӯ "ошкоро аз мақомоти ин кишварҳо озодии хабарнигоронеро, ки барои фаъолияти касбии худ дар маҳбус шудаанд, тақозо кунад." Дар номаи Кумитаи ҳимояи журналистон аз 28 октябр гуфта шудааст, ки дар Осиёи Марказӣ вазъи озодии баён "ҳамчунон бадтар мешавад". Ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ишора ба "манъи пахши расонаҳо, қонунҳои сангин, назорати интернетӣ" ёдовар шуданд, ки хабарнигорони интиқодӣ ва блогнависон зери таъқиби сиёсӣ қарор дошта, мавриди ҳамла, ҳабс ва қатл қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG