Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби кинотеатри "Тоҷикистон" дар Маскав анҷом ёфтааст


Кинотеатри “Тоҷикистон”. Акс аз соли 1978
Кинотеатри “Тоҷикистон”. Акс аз соли 1978

Раҳбари управаи минтақаи Строгинои шаҳри Маскав Владимир Травкин гуфт, тахриби кинотеатри “Тоҷикистон” дар ин гӯшаи пойтахти Русия пурра анҷом ёфта, қаламрави онро феълан кабудизор кардаанд. Травкин гуфт, дар солҳои 2016-2017 дар ҷои кинотеатри “Тоҷикистон” як маркази нави фарҳангиву фароғатӣ бунёд хоҳад шуд. Бинои сеқабатаи кинотеатри «Тоҷикистон» ҳанӯз соли 1982 ҳамчун рамзи «дӯстии халқҳо» дар минтақаи Строгинои пойтахти вақти Иттиҳоди Шӯравӣ ва пойтахти кунунии Русия дар кӯчаи Маршал Катуков дар майдони 7 000 метри мураббаъ қомат афрохта, то соли 2001 ба ҳайси толори кинову консерт амал мекард. Дар солҳои охир ин бино асосан ба мағозаҳову қаҳвахонаҳо ба иҷора дода мешуд. Департаменти сохтмони шаҳрдории Маскав дар тирамоҳи соли 2013 эълон кард, ки барои тахриби кинотеатри “Тоҷикистон” 3,5 миллион рубл ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG