Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории генерал Ҷалов аз мақоми муовини раиси КДАМ


Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 28 октябр, Абдулазиз Ҷалов аз мақоми муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Дар фармоне, ки бо имзои раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр шуд, сабаби барканории Ҷалов гуфта намешавад. Дар матни фармон танҳо як ҷумла омадааст: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷалов Абдулазиз Исмонович аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.” Абдулазиз Ҷалов унвони генерал-майор дошта, дар соли 2013 бо ордени Спитамен дараҷаи 1 сарфароз шуда буд.

XS
SM
MD
LG