Пайвандҳои дастрасӣ

Карел Готтро бистарӣ кардаанд


Карел Готт

Овозхони маъруфи чех Карел Готтро дар Прага ба далели аритмияи қалбаш бистарӣ кардаанд. Карел Готти 76-сола бо нашри як баёния дар саҳифааш дар Фейсбук гуфтааст, ки ӯ тамоми ҳунарнамоиҳояшро бозмедорад ва аз мардум мехоҳад, то ба ҳаёти хусусиаш эҳтиром гузоранд.

Шабакаи телевизионии Prima гузориш дод, ки қалби Карел Готтро шаби гузашта ҷарроҳӣ кардаанд. Готт, ки нахустин албоми таронаҳояшро ҳанӯз дар соли 1962 нашр кардааст, яке аз маъруфтарин овозхонҳои Аврупои марказӣ ба шумор меравад ва тайи беш аз 50 соли ҳунарнамоӣ ҳудуди 100 миллион албомаш ба фурӯш рафтааст. Ӯ 39 дафъа дар Чехословакия ва Чехия “беҳтарин овозмони мард” шинохта шудаааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG