Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни заминларза афзоиш ёфт


Бар асари заминларзаи шадид, ки баъд аз зӯҳури рӯзи 26 октябр дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба вуқуъ пайваст, беш аз 100 нафар ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Маркази заминларза бо нерӯи 7,5 дараҷаи Рихтер дар кӯҳҳои Ҳиндукӯши Афғонистон буд.

Заминларза тақрибан як дақиқа идома дошт ва биноҳои зиёдеро дар Кобулу Исломобод ва Деҳлии нав такон дод. Мақомоти Покистон гуфтанд, ки дар ин офати табиӣ беш аз 60 нафар ҷон бохтаанд. Дар водии Сувот ва шаҳри Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхва ва манотиқи атрофи он 13 нафар ба ҳалокат расида, 70 нафар ба бемористон интиқол ёфтанд.
Дар Афғонистон дасти кам 33 нафар кушта ва беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шудаанд. 12 духтари толибилм дар шаҳри Толуқон, ҳангоми тарки бинои мактаб ба ҳалокат расиданд.

Хабаргузориҳо навиштанд, ки заминларза боиси қатъ шудани барқ ва осеб дидани робитаи телефонӣ дар ин кишвар шудааст.

XS
SM
MD
LG