Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз 13 соли оворагӣ духтари ҳинду ба хона бозгашт


Гита, духтари гунгу кари ҳинду пас аз 13 соли оворагӣ дар Покистон сиҳату саломат ба хонааш дар Ҳиндустон бозгаштааст.

Гита, духтари гунгу кари ҳинду пас аз 13 соли оворагӣ дар Покистон сиҳату саломат ба хонааш дар Ҳиндустон бозгаштааст.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, дар ин муддат ӯ дар манотиқи марзии аз лиҳози низомӣ шадид зиндагӣ карда, баъдан ба хонаводааш пайвастааст. Ӯро бар асоси аксҳояш шинохтанд. Ҳоло Гита 24 сол дорад. Бозгашти боофияти ӯ сокинони манотиқи ду тарафи марз, ватанаш Ҳиндустон ва Покистонро, ки дар муддати 13 сол таҳти ҳимояти созмони “Эди Фаундейшн” зиндагӣ карда буд, шод кардааст.

Ин созмони хайрияи покистонӣ дар муддати тӯлонӣ Гитаро нигоҳубин кардааст. Тақрибан 11 сол муқаддам Гита марзи Ҳиндустону Покистонро убур карда буд. Тафсилоти ин ҳодиса рӯшан нест, вале ба асоси имову ишорати ӯ, эҳтимол инфиҷоре рух дода ва ин духтари ҳинд сарашро хам кардаю давидааст. Баъдан ӯро низомиён боздошт кардаанд.

​Бар асоси маълумотҳои дигар, духтари ҳинду ба ҳангоми тамошо аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ нопадид шудааст. Нахуст Гитаро дар хонаи кӯдакони шаҳри Лаҳори Покистон ҷойгир карда ва ба ӯ номи мусалмонии Фотима доданд. То замони дастёбӣ ба муошират ин духтар ҳамеша ба самти иёлоти Жхарканди Ҳиндустон ишора мекард.

Бо гузашти солҳо ӯ метавонист ба таври рӯшан таъкид кунад, ки зодаи Ҳиндустон аст, на Покистон. Дар рӯзи душанбеи 26 октябр, Гита бо мусоидати созмони хайрия аз фурудгоҳи Карочии Покистон озими Деҳлӣ шуд. Вақте Гитаро ба фурудгоҳ оварданд, дар бар сарии (либоси миллии Ҳиндустон) сурх дошт ва ба таври анъанваии ҳинду таъзим мекард.

Файсал Эдӣ, писари поягузори созмони хайрия, ки муддати 13 сол саробони Гита буд, ба хабарнигорон гуфт: “Гита 13 сол бо мо буд, ҳоло вақти видоъ фаро расидааст”.

Гита бо хонаводааш дар иёлоти Биҳор пайваст. Пайвандонаш ӯро аз рӯи аксҳояш, ки Комиссияи олии Ҳиндустон дар Покистон пешниҳод карда буд, шинохтанд. Ба гуфтаи Файсал Эдӣ, ҳамакнун ташхисот барои мушаххас кардани насаби Гитаю пайвандонаш анҷом хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд: “Дар сурати тасдиқ нашудани ДНК мақомоти Ҳиндустон ҷустуҷӯро барои пайдо кардани хонаводаи ӯ идома хоҳанд дод”.

Ҷаноби Эдӣ ба мақомоти Ҳиндустону Покистон барои кумак ба бозгашти Гита ба ватан ибрози сипос кард. Пас аз ҷудо шудани Покистону Ҳиндустон дар соли 1947 бештари хонаводаҳо қисмат шуданд.

Қазияи Гита дар иртибот ба филми бо қиссаи мушобеҳ, ки дар ҷомеаи Ҳиндустон шӯҳрат пайдо карда буд, расонаӣ шуд. Дар филми “Бародари Бажрангӣ”, ки нақши асосиро Салмон Хон иҷро кардааст, марди ҳинду ба духтари овораи покистонӣ барои ёфтани пайвандонаш кумак кардааст. Ҳарчанд муаллифони ин филм дар бораи қиссаи Гита хабаре надоштанд, аммо маҳз дар пайи намоиши ин филм таваҷҷӯҳ ба духтари гумшудаи ҳинду бештар шуд.

XS
SM
MD
LG