Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳҳои ҳамкории Ҷопону Туркманистон $17 миллиард арзиш дорад


Қабл аз боздид аз Тоҷикистон Синдзо Абе-нахуствазири Ҷопон як рӯз пеш дар Ашқобод-пойтахти Туркманистон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кард.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷониба ва тарҳҳои марбут ба истихроҷ ва тасфияи газро баррсаӣ карданд. Туркманистон ва Ҷопон ба тавофуқ расиданд, ки дар Ашқобод коллеҷи муштараки муҳандисӣ боз шавад.

Дар ин коллеҷ кошиносони варзидаи кор дар бахши захоири табиӣ таълим хоҳанд гирифт. Барои кор дар ин коллеҷ коршиносони Ҷопон даъват хоҳанд шуд. Барномаҳои таълимиро ҷониби Ҷопон таҳия хоҳад кард.

Туркманистон ва Ҷопон ҳамчунин ба тавофуқ расиданд, ки ширкатҳои ҷопонӣ дар иҷрои тарҳҳои зербаноӣ саҳм хоҳанд гирифт. Ин тарҳҳо ба арзиши 17 миллиард доллар ба нақша гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG