Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбакистон шогирди коллеҷ 9 сол зиндонӣ шуд


Фирдавс Салимов-сокини вилояти Тошканди Узбакистон, ки дар донишгоҳҳои ин кишвар варақаҳои гурӯҳи тундрави Давлати Исломиро тақсим мекард ва ҳамчунин парчами ин гурӯҳро овехта буд, ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора рӯзи шанбе ниҳодҳои интизомии Узбакистон ба матбуот хабар доданд.

Манбаи мазкур гуфтааст, ки Фирдавс Салимов-шогирди коллеҷ вақти зиёдашро дар интернет сарф мекард ва маҳз тавссути интернет вай бо намояндавгони ин гурӯҳи тундрав робита пайдо кардааст. Баъд аз ошноӣ бо онҳо вай ба иҷрои супоришҳои онҳо шуруъ кардааст.

Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ вай эътироф намуд, ки сафҳаҳои интернетии тундравҳоро истифода мекард, аз он ҷо варақаҳоро чоп менамуд ва намунаҳои парчамҳои тундравҳои Давлати Исломиро аз он ҷо мегирифт.

Сипас бо кӯмаки шогирдони мактаб шабона ин врақаҳоро дар дарвозаи мактаб, кӯдакистон ва коллеҷи худ мечаспондаанд ва парчамро овезон мекарданд.

Дар вилояти Тошканд тақсими варақаҳо ва овезон кардани парчами Давлати Исломӣ моҳи апрел мушоҳида шуда буд. Он вақт дар ҷараёни ҷустуҷӣ Фирдавс Салимов боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG