Шумори шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар Сурия ва Ироқ ҳамроҳ бо тундгароён меҷанганд, ба беш аз 400 кас расид. Дар ин миён 40 нафар кушта шудааст. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.
Бино ба иттилои кумитаи амният, шумори қирғизистониҳое, ки аз вилоятҳои Ӯш, Баткент ва Ҷалолободи ин кишвар ба ҷангҳо мераванд, дар ҳоли афзоиш аст. Кумита мегӯяд, бархе аз ин тоифа ҳамроҳи тамоми хонаводаашон ба Сурияву Ироқ мераванд.