Ҳукумати Амрико гуфт, масъалаи озмоиши мушаки баллистикии қодир ба бурдани кулоҳаки ҳастаӣ дар Эронро дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар миён мегузорад, зеро ин кор “нақзи ошкори” қатъномаи шӯро аст. Саманта Повер, намояндаи Амрико дар Шӯрои Амният гуфт, “Эрон рӯзи 10-уми октябр як мушаки миёнапарвози баллистикиро партоб кард, ки нақзи ошкори қатъномаи 1929 Шӯрои Амният аст, ки озмоиши ингуна мушакро барои Эрон мамнӯъ кардааст. Саманта Повер афзуд, ки Амрико гузориши махсусеро дар ин бора барои Кумитаи таҳримоти Эрон дар Шӯрои Амният омода мекунад ва ин масъаларо рӯзҳои оянда бо аъзои шӯро мустақим дар миён мегузорад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед гуфт, ки ҳар “рафтори бад дар минтақа ва ҷаҳон подош дорад” ва Амрико бо ҷомеаи байналмилал фишор ба Эронро идома медиҳад. Эрон гуфтааст, ки озмоиши мушаки баллистикӣ нақзи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал нест, зеро ҳеҷ яке аз мушакҳояш барои ҳамли кулоҳаки атомӣ сохта нашудаанд.