Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими Олмон барои бастани пойгоҳаш дар Тирмиз


Олмон дар садад аст, то авохири соли ҷорӣ пойгоҳи низомиаш дар шаҳри Тирмизи Ӯзбакистонро бандад.

Олмон дар садад аст, то авохири соли ҷорӣ пойгоҳи низомиаш дар шаҳри Тирмизи Ӯзбакистонро бандад.

Дар ин замина бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ ба истинод ба як манбаъи Бундесвер ё неруҳои мусаллаҳи Олмон хабар дод.

Ин манбаъ гуфтааст, чанд рӯзе қабл, ба ин манзур як ҳайати 21 нафараи низомиёни Олмон ба шаҳри Тирмиз ворид шуда ва дар назар аст, дар чанд рӯзи оянда 16 низомии дигар ба онҳо пайванданд.

Доминик Вуллерс, сухангӯйи Фармондеҳии Амалиёти Низомии Хориҷии Олмон рӯзи панҷшанбеи 15 октябр аз тариқи телефон ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт: “Ин хабарро таъйид мекунам. Дирӯз (14 октябр) дар расонаҳои Олмон хабари тасмими бастани пойгоҳи ҳавоӣ дар Тирмиз дар 31 декабри соли ҷорӣ пахш шуд. Бархе аз кормандони пойгоҳ ба пойгоҳи мо дар Мазори Шарифи Афғонистон ва иддаи дигар ба Олмон мунтақил хоҳанд шуд. Аммо ҳоло фаъолияти ин пойгоҳ қатъ нашуда ва ба Афғонистон муҳимоти низомӣ интиқол медиҳад”.

Пойгоҳи низомии Олмон дар Тирмиз дар 10 соли ахир нируҳои олмониро, ки дар шимоли Афғонистон мустақар буданд, бо муҳимоти низомӣ таъмин мекард. Ин неруҳо дар авохири соли 2013 Афғонистонро тарк карданд.

Бундесвер гуфтааст, пойгоҳи низомии Олмон мустақар дар шаҳри Тирмиз ба далели мавориди фаровони нақзи ҳуқуқи инсон дар Ӯзбакистон ва пардохти ҳаққи ҳангуфти иҷора ба такрор интиқод мешуд.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳафтаномаи Der Spiegel хабар дод, ки дар соли 2016 Ӯзбакистон ҳаққи пардохти иҷораро аз 35 миллион еврои феълӣ то 70 миллион евро боло бурдааст. Он замон Вазири дифоъи Олмон таъкид дошт, ки бо ҷониби Ӯзбакистон дар заминаи фаъолияти пойгоҳи низомии ин кишвар дар шаҳри Тирмиз музокирот идома дорад.

Дар хабари ахири вазир таъкид шуда буд, ки аз моҳи августи соли ҷорӣ неруҳои Вундесвер аз хизмати ҳавопаймоҳои низомию борбари Амрико истифода карда ва ба имкони бастани пойгоҳи Олмон дар Тирмиз ишора карда буд.

Ин дар ҳолест, ки 30 январи соли ҷорӣ Найтхарт Хёфер-Виссинг, сафири Олмон дар Ӯзбакистон гуфта буд, ки кишвараш ба истифодаи пойгоҳи ҳавоии Тирмиз идома дода ва Берлин бо мақомоти Тошканд дар ин замина тавофуқ кардаанд.

Найтхарт Хёфер-Виссинг дар сӯҳбат бо хабарнигори торнамои Podrobno.uz гуфта буд: “Мо ба ҳамкориҳои худ, ки аз замони вуруди неруҳои Эътилофи байналмилалӣ ба Афғонистон шурӯъ шуда буд, идома хоҳем дод. Дар ин замина корҳо ҷараён дорад”.

Радиои Озодӣ низ дар моҳи октябри соли гузашта ба истинод ба манбаи Вазорати дифоъи Олмон аз имзои тавофуқ миёни Берлин ва Тошканд дар бораи тамдиди муддати истифодаи пойгоҳи Тирмиз хабар дода буд. Аммо мақомоти ин ду кишвар аз шарҳи ин хабар худдорӣ карда буданд.

Дар аволии моҳи ҷорӣ рӯзномаи Der Tagesspiegel, чопи Олмон дар бораи тағйири аҳдофи НАТО дар Афғонистон ва бо вуҷуди коҳиши шумори сарбозҳою техникаи низомӣ дар ин кишвар идома ёфтани фаъолияти пойгоҳи Олмон дар Тирмиз хабар дод. Тибқи ин хабар, чанд моҳе қабл Олмон дар ин замина бо мақомоти Ӯзбакистон ба тавофуқ расидааст.

Олмон аз соли 2002, аз замони вуруди неруҳои Эътилофи байналмилалӣ ба Афғонистон аз пойгоҳи ҳавоии Тирмиз истифода мекунад. Бар асоси созишномаҳо муддати истифода аз ин пойгоҳ бояд 31 октябри соли 2014 поён меёфт. Аммо баъдан муддати истифода тамдид гардид.

Дар соли 2002 Олмон ба Ӯзбакистон барои истифодаи пойгоҳ 240 ҳазор евро пардохт карда, дар соли 2005 мизони ҳаққи иҷора то 12 миллиону 400 ҳазор евро афзоиш ёфт.

Бар асоси созишномаи соли 2011 Олмон ҳаққи истифодаи пойгоҳи Тирмизро то 15 миллиону 950 ҳазор евро боло бурд.

XS
SM
MD
LG