Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунозираи номзадҳои демократи Амрико шуруъ шуд


5 довталаб аз Ҳизби Демократи Амрико барои интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурӣ нахустин мунозираҳои интихоботии худро баргузор карданд.

Дар ин мунозира, ки 13 октябр дар Лас Вегас баргузор шуд, Ҳилларӣ Клинтон-вазири пешини корҳои хориҷаи Амрико, Бернӣ Сандерз-сенатори 74 сола аз Вермонт, ки худро сотсиал-демократ эълон кардааст, ширкат доштанд.

Ин ду номзад дар бораи назорат бар аслиҳа, нобаробарии даромад ва масъалаҳои дигар баҳс карданд. Хонум Клинтон аз Патриот Акти Амрико дифоъ кард ва гуфт, агар зарур бошад дар истифода аз нируи низомӣ дудила нахоҳад шуд.

Мунозираи номзадҳо бештар аз ду соат идома ёфт.

XS
SM
MD
LG