Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри гузориши "Алмаз-Антей" дар бораи фалокат


Як ширкати давлатии аслиҳасозии Русия гузоришеро дар бораи суқути ҳавопаймои мусофирбари Малайзия нашр кард, ки онро талоше барои беаҳамият нишон додани таҳқиқи муфаттишони Ҳолланд арзёбӣ мекунанд. Қарор аст, гузориши Шӯрои муттасадии амнияти парвозҳои Ҳолланд имрӯз нашр шавад. Ян Новиков, раиси ширкати “Алмаз-Антей”, рӯзи 13-уми октябр дар як нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, бар хилофи хулосаи муфаттишони ҳолландӣ, навъ ва ҷойи партоби мушак дигар будааст. Ҳарчанд ӯ ба таҳқиқи Ҳолланд батакрор ишора мекард, аммо нагуфт, чӣ гуна дар бораи натиҷаҳои он пажӯҳиш огаҳ шудааст. Ян Новиков гуфт, озмоишҳо нишон доданд, “агар ҳавопаймои мусофирбари Боинг 777 ширкати ҳавопаймоии Малайзияро бо мушаки Бук зада бошанд, пас онро аз маҳаллаи Зарошенске аз вилояти Донетск задаанд.” Ҷудоиталабони тарафдори Русия мегӯянд, замони суқути ҳавопаймои мусофирбар дар рӯзи 17-уми июли соли 2014 маҳаллаи Зарошенске дар дасти нерӯҳои Украина буд. Дар ин фалокат 298 нафар кушта шуданд ва аксарияти онҳо шаҳрвандони Ҳолланд буданд.

XS
SM
MD
LG