Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши деринтизори Ҳолланд нашр мешавад


Муфаттишони Ҳолланд гузориши ниҳоӣ дар бораи сабабҳои суқути ҳавопаймои мусофирбари Малайзияро нашр мекунанд, ки ба эҳтимоли зиёд, муносиботи печидаи Русия ва Ғарбро печидатар мекунад. Гузориши Шӯрои муттасадии амнияти парвозҳои Ҳолланд баъди таҳқиқи 15 моҳа рӯзи 13-уми октябр нашр мешавад. Муфаттишон сабабҳои таркиши ҳавопаймои Боинг- 777 дар шарқи Украинаро эълон мекунанд, вале дар гузоришашон гуфта намешавад, ки гунаҳкори ин ҳодиса кӣ ҳаст. Натиҷаҳои муқаддамотии таҳқиқ нишон додааст, ки ҳавопайморо аз зарбаи сахти берунӣ таркидааст. Соли гузашта рӯзи 17-уми июл ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар шарқи Украина, бо 298 мусофир ва аксарашон шаҳрвандони Ҳолланд сарнагун шуд. Ба гуфтаи мутахассисон, ҳавопайморо бо мушак задаанд. Фалокат ҳангоме рух дод, ки ҷанг миёни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои ҳукуматии Украина идома дошт. Ҳукумати Украина ва кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ҳавопайморо ҷудоиталабон бо мушаки Бук задаанд, ки Русия ба онҳо додааст. Вале ширкати Алмаз-Антей, ширкати аслиҳасозии Русия мегӯяд, ки ҳавопайморо нерӯҳои Украина бо мушаки Бук задаанд.

XS
SM
MD
LG