Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори фиристодаи СММ аз Тоҷикистон


Николас Хайс, фиристодаи вижаи дабири кулли СММ дар умури Афғонистон имрӯз бо як дидори расмӣ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар назар аст, ҷаноби Хайс бо мақомоти ин кишвар масоили амнияти минтақа ва вазъияти амниятӣ дар Афғонистонро матраҳ кунад.

Дидори ин намояндаи баландпояи СММ аз Тоҷикистон замоне сурат гирифтааст, ахиран вазъият дар манотиқи шимоли ҳаммарз ба Тоҷикистон ба вахомат гароида ва дар авохири моҳи гузашта шаҳри Кундуз ба тасарруфи гурӯҳи Толибон даромада буд.

Дар ҳамин ҳол, Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) гуфтааст, ки ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар таҳкими марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон саҳми фаъол хоҳад гирифт.

Ҷаноби Бордюжа ин замина дар ҷаласаи васеъи Шӯрои доимии СПАД дар масоили таъмини амнияти АвруОсиё, ки дар он Ламберто Заннер, дабири кулли САҲА ширкат дошт, ибрози назар кардааст.

XS
SM
MD
LG