Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти ҷамъияти рустаборҳо аз Идораи “Обу корез”


Пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб
Пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб

Ҷамъияти рустаборҳои шаҳриКӯлоб аз Идораи «Обу корез»-и ин шаҳрҳимоят карда, ҳудуди 100 нафар зимни як номаи дастҷамъона ба сардори пойгоҳи низомии 201-и Русия хостори пардохтиҳаққи об шудаанд.

Барои аввалин бор аст, ки ҷамъияти рустаборҳо садо баланд мекунанд, то пойгоҳи низоми 201 ба қонуншиканӣ даст назанад ва пули обро пардохт кунанд.

Сафар Мардонов, як масъули Идораи «Обу корез»-и Кӯлоб, рӯзи 13 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ин нома аввал ба дасти онҳо ва сипас ба дасти фармондеҳи пойгоҳи низомии 201- и Русия дар Кӯлоб бурда супурда шудааст.

Ба гуфтаиҷаноби Мардонов, онҳо охирон умеди худро ба ин номабастаанд, ки пойгоҳи низомии Русия дар пайи рустаборҳоба пардохти қарзҳои худ иқдом кунад.

Ӯ гуфт, «Мо ахиран ба Юрий Павлович, раҳбари ҷамъияти рустаборҳо муроҷиат кардем, ки онҳо як мактуби дастаҷамъи навистанд ва мо ба сардори пойгоҳ бурда додем, ки ин масаларо дида бароянд. Ҳозир қарзи ин пойгоҳ, ки дар се соли ахир пардохт нашудааст,аз 600 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст».

Аммо дар номаи ҷавобии Б. Ковылин, фармондеҳи воҳиди низоми 54306- и пойгоҳи низомии 201 – и Русия дар шаҳри Кӯлоб ба идораи идораи «Обу корез», маблағи 446 ҳазору 446 дирам қарзи ин пойгоҳ то моҳи апрели соли 2015 эътироф шудааст. Ӯ навиштааст, ки ба манзури ҳалли ин масъала унвонии фармондеҳи пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, раҳбарияти ширкати “Стройинтеграл” ва додситонии низомии Русия низ нома задааст.

Масъулони идораи «Обу корез» - и шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки номаи фармондеҳи қисми низомии пойгоҳи 201- и Русия дар Кӯлобро ҳанӯз дар моҳи апрел дарёфт карда буданд, аммо бо гузашти беш аз панҷ моҳ мушкили мавҷуд ҳал нашудааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки худи идораи «Обу корез» - шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби андоз ва истифодаи нируи барқ ҳудуди 5, 5 милион сомонӣ қарздор мебошад.

XS
SM
MD
LG