Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Қирғизистон аз мақомаш барканор шуд


Абибила Кудайбердиев
Абибила Кудайбердиев

Алмазбек Атамбаев-раиси ҷумҳури Қирғизистон вазири дифои ин кишвар Абибила Кудайбердиевро аз мақом барканор кард.

12 октябр Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки Кудайбердиев ва чанд нафар аз ҳамкоронаш барои суистифода аз мақом, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва моли худ кардани дороии давлатӣ гумонбар дониста мешаваннд.

Дафтари расёати ҷумҳурӣ гуфтааст, ки муовинони Кудайбердиев иҷрокунандаи мақоми вазир хоҳанд буд. Бино ба маълумоти ин кумита, бозрасон ифшо кардаанд, ки гурӯҳе ба раҳбарии Кудайбердиев сохторе ташкил кардаанд ва ба воситаи як ширкати сохтмонии вазорати дифоъ пулҳоро моли худ мекардаанд.

То ҳол рӯшан нест, ки Кудайбердиевро боздошт кардаанд ва ё дар озодӣ қарор дорад. Мақомоти вазорати дифоъ дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Бино ба изҳороти пахшшуда, Кудайбердиев ва ҳамдастонаш барои сирқати 12 миллион сум ё 175 ҳазор доллар гумонбар дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG