Ҳайати нозирони САҲА аз ҷараёни баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Беларус интиқод кард. Александр Лукашенко, ки 21 сол дар сари қудрат аст, дар интихоботи 11 октябр 83,5 дарсад рай ба даст овардааст.
Кент Ҳастед-раҳбари ҳайати нозирони САҲА 12 октябр гуфт, ки интихобот ба меъёрҳои демократӣ ҷавобгӯ набуд. Ҳастед гуфт: “Рӯшан аст, ки Беларус барои иҷрои уҳдадориҳоии демократиаш бояд роҳи тӯлониро тай кунад”.
Ҳастед илова кард, ки бо вуҷуди баъзе падидаҳои мусбат дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ норӯшаниҳо мавҷуд буд. Вай ҳамчунин аз камбудиҳо дар ҷараёни шумориши оро изҳори норизоятӣ кард.