Абибила Кудайбердиев-вазири дифои Қирғизистон барои ришвахорӣ таҳти бозпурсӣ қарор дорад. 12 октябр Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки Кудайбердиев ва чанд нафар аз ҳамкоронаш барои суистифода аз мақом, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва моли худ кардани дороии давлатӣ гумонбар дониста мешаваннд.
Бино ба маълумоти ин кумита, бозрасон ифшо кардаанд, ки гурӯҳе ба раҳбарии Кудайбердиев сохторе ташкил кардаанд ва ба воситаи як ширкати сохтмонии вазорати дифоъ пулҳоро моли худ мекардаанд.
То ҳол рӯшан нест, ки Кудайбердиевро боздошт кардаанд ва ё дар озодӣ қарор дорад. Мақомоти вазорати дифоъ дар ин бора изҳори назар накардаанд.