Ҷоизаи нобелӣ дар соли 2015 дар бахши адабиёт ба нависандаи Белорусия Светлана Алексиевич эъто шуд. Ин хабарро рӯзи панҷшанбеи 8 октябр Сара Даниус, дабири Академияи Шветсия эълом кард.
Гуфта мешавад, ин ҷоиза ба Алексиевич “барои эҷодиёти бисёрсолаи ӯ, намунаи азияту мардонагӣ дар даврони мо” тақдим гардидааст.