Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ шикояти “Маликаи сол”-ро қонеъ кард


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд маблағи барандаи озмуни “Маликаи сол” байни донишҷӯёнро аз созмони ҷамъиятӣ рӯёнид ва раҳбари ин созмонро муҷозот кард.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 1895 сомонии маблағи хароҷоти Мавзуна Абдуллоева, барандаи озмуни “Маликаи сол – 2015” байни донишҷӯёни Суғдро аз созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон” рӯёнид ва ба раҳбари ин созмон ҷазо таъин кард.

Нигора Назариён, додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва масъули бозбинии ин парванда, рӯзи 8 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран додгоҳ раҳбари созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон” – Ҳасан Холиқовро бо ҷурми “азхудкунӣ ё исрофи маблағи ғайр” ба миқдори 370 нишондиҳандаи маоши ҳадиақал (як нишондиҳанда – 30 сомонӣ) ҷарима ва ба муддати 1 сол аз ҳаққи фаъолият дар созмонҳои ҷамъиятӣ маҳрум намуд.

Мавзуна Абдуллоева, донишҷӯисоли 4 - уми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, рӯзи 8 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ аст. Вай афзуд, баъди рӯёнидани маблағаш аз додгоҳ хоҳиш кард, ки ба раҳбари созмони “Ваҳдати ҷавонон” ҷазои сабук таъин кунад.

Озмуни “Маликаи сол - 2015” байни донишҷӯдухтарони Суғд моҳи майи соли равон баргузор гардида ва Мавзуна Абдуллоева дар он баранда шуд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои пӯшиши хароҷоти иштироки вай дар ин озмун1 ҳазору 895 сомонӣ пул ҷудо карда, вале ба суратҳисоби созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон ” гузаронид. Ин созмон то ҳол аз додани маблағ ба “Маликаи сол” саркашӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG