Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими дафни зоирони ҳалокшуда дар Эрон


Маросими ёдбуди зоирон дар донишгоҳи Теҳрон
Маросими ёдбуди зоирон дар донишгоҳи Теҳрон

Дар саросари Эрон маросими дафни зоироне, ки дар рӯзи иди Қурбон дар натиҷаи талотуми издиҳом дар наздикии шаҳри Макка ҳалок шуданд, баргузор шуд. Азодорон рӯзи 4 октябр дар маросиме дар донишгоҳи Теҳрон бо ишора ба хонаводаи ҳокими Арабистони Саудӣ “Марг ба Ал-Сауд!” гӯён шиор заданд. Рӯзҳои 3 ва 4 октябр ҷасадҳои беш аз 210 зоири эрониро бо ҳавопаймо аз Арабистони Саудӣ ба Эрон оварданд. Эрон мақомоти Саудиро ба ноӯҳдабароӣ дар амри тамъини амнияти Ҳаҷ айбдор кард, ки боиси таниши бештар дар равобити ин ду рақиби минтақавӣ шудааст. Мақомоти Саудӣ мегӯянд, рӯзи 24 сентябр дар талотуми издиҳом дар водии Мино 769 зоир ҳалок шуданд. Ин пурқурбонитарин фалокат дар маросими солонаи Ҳаҷ дар 25 соли охир ном бурда мешавад. 464 тан аз ҳалокшудагон аз Эрон буданд.

XS
SM
MD
LG