Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози берун кашидани силоҳҳои сабук дар шарқи Украина


Вазъ дар ҷабҳаҳои шарқи Украина то 3 октябр
Вазъ дар ҷабҳаҳои шарқи Украина то 3 октябр

Нирӯҳои Украина ва чирикиҳои ҷудоиталаби таҳти ҳимояти Русия рӯзи 3 октябр ба берун кашидани силоҳҳои хурд аз хутути ҷабҳа дар шарқи Украина шурӯъ карданд. Ин иқдом бар асоси тавофуқоти созишномаи оташбасест, ки моҳи феврал дар Минск имзо шуда буд. Ин оташбас чандон риоя намешуд, вале дар ҳафтаҳои охир дар аксари сангарҳои шарқи Украина хомӯшӣ ҳукмфармо шудааст. Бар илова, дар ин ҳафта ҷиҳати берун кашидани тонкҳо ва силоҳҳои дигар низ тавофуқ ба даст омад. Чирикиҳо дар Луҳанск рӯзи шанбе эълон карданд, ки тонкҳоро аз минтақаи буферӣ берун мекашанд. Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко тасдиқ кард, ки ҳукумат низ рӯзи 3 октябр берун кашидани силоҳҳои милашон аз 100 миллиметр камтарро оғоз кардааст. Берун кашидани чунин силоҳҳо бояд дар 41 рӯз анҷом шавад. Дар посух ба ин суол ки оё ин аломати анҷоми низоъ аст?, Порошенко, ки баъд аз мулоқоти чоргонаи раҳбарони Русияву Украина ва Олмону Фаронса дар Порис сӯҳбат мекард, гуфт, “ин аломати оташбас аст. Ҷанг танҳо замоне ба поён мерасад, ки охирин ваҷаб аз хоки Украина озод шавад.” Ҷудоиталабон дар соли 2014 қисматҳои бузурге аз вилоятҳои Луҳанску Донетскро тасарруф карданд. Дар Киев ва Ғарб мӯътақиданд, ки ҷудоиталабон аз сӯи Маскав ҳимоят мешаванд. Русия инро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG