Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 ҳамлаи нави ҳавопаймоҳои Русия дар Сурия


Яке аз маконҳои бомбгузоришуда дар Сурия
Яке аз маконҳои бомбгузоришуда дар Сурия

Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар 24 соати охир дар Сурия 20 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд. Сухангӯи вазорати дифои Русия Игор Конашенков рӯзи 3 октябр гуфт, 9 мавқеи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ҳадаф қарор гирифтанд. Ӯ афзуд, дар ин ҳамлаҳо аз ҷангандаҳои СУ-34 ва СУ-24М истифода шудааст. Конашенков гуфт, нирӯҳои ҳавоии Русия як урдугоҳи “Давлати исломӣ”-ро зарба зада, 7 макони таслиҳоти вазнини ин созмонро бомбборон кардаанд. Русия аз рӯзи 30 сентябр ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия оғоз кард, ки марҳалаи нави дахолати хориҷӣ дар ҷанги чорсола дар ин кишвари арабиро боз мекунад. Амрико бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, Русия то ҳол бештар мухолифини мӯътадили режими Башор Асадро ҳадаф қарор додааст, то мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро.

XS
SM
MD
LG