Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ташкили маҳфили Осиёи Марказӣ


Қирғизистон дар СММ пешниҳод кард, ки барои гуфтушуниди васеи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ заминае таъсис дода шавад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев зимни суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал паём дод.

Ба гуфтаи вай, ин маҳфил барои баррасии дақиқи масъалаҳои марбут ба тиҷорат, иқтисод, марзҳо, энержӣ, истифода аз захоири об, нақлиёт, муҳити зист ва тағйири иқлим дар минтақа зарур аст.

Абдилдаев таъкид кард, ки Қирғизистон тақвияти ҳама гуна ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояро ба унвони наҳваи аслии рушди бонизом ва таъмини амниятии кишвар ва ҳамчун роҳи ягонаи ҳалли зиддиятҳои мавҷуда арзёбӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG