Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ҳанӯз дар шаҳри Қундуз ҳастанд


Баъд аз як рӯзи дубора гирифтани баъзе аз қисматҳои шаҳри Қундуз аз тарафи нируҳои ҳукуматӣ, ҷангандаҳои Толибон ҳанӯз дар ин шаҳр ҳастанд. Як сокини маҳаллӣ 2 октябр гуфт, ки Толибон дар хонаҳои мардум пинҳон шудаанд ва бар зидди нируҳои ҳукуматӣ ҷангро идома медиҳанд.

Ҳамдуллоҳ Донишӣ-иҷрокунандаи мақоми волии вилояти Қундуз вазъи маркази вилоятро ором арзёбӣ кардааст ва гуфтааст, ки “ҷангҳои аслӣ мушоҳида намешавад”. Вале вай эътироф кард, ки шӯришиён аз ин шаҳри дорои 300 ҳазор нафар аҳолӣ пурра ронда нашудаанд

1 октябр артиши Афғонистон нуқтаҳои муҳими шаҳрро ба контроли худ даровард. Вале гузориш мерасад, ки Толибон дар ҷойҳои дигар пешрафтҳое кардаанд ва вулусволии Вардуҷро дар ҷангҳои шадид тасарруф кардаанд.

XS
SM
MD
LG