Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои ҳукуматӣ бахше аз Қундузро дубора гирифтаанд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки нируҳои ҳукуматӣ бисёре аз нуқтаҳои стратегии шаҳри Қундузро аз дасти Толибон ба контроли худ даровардаанд. Ин шаҳрро Толибон 1 октябр тасарруф карда буданд.

Дар изҳороти худ вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, ки шабона дар ҷараёни амалиёт 150 тундрав кушта шудаанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки дар миёни сокинони маҳаллӣ касе кушта нашудааст.

Аммо Толибон ба хабаргузории Ройтерз гуфтаанд, ки нируҳои ҳукуматӣ Қундузро нагирифтаанд ва муқовимати онҳо ба нируҳои ҳукуматӣ дар маркази шаҳр идома дорад.

Хабаргузории Франс Пресс ба нақл аз шоҳидони айнӣ навиштааст, ки нируҳои ҳукуматӣ дар маркази шаҳр будаанд ва ҷасади Толибон дар ҳар ҷо ба чашм мехӯрад.

Вале хабарҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар шаҳр ҳанӯз даргириҳо идома доранд. Ба Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон фармондеҳони низомӣ роҷеъ ба вазъи Қундуз гузориш додаанд ва раиси ҷумҳур ба нақша гирифтааст, ки барои таҳқиқи сабабҳои суқути шаҳри Қундуз ҳайатеро ба ин шаҳр бифиристад.

XS
SM
MD
LG