Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони Русия дархости Путинро пазируфт


Шӯрои Федератсия маҷлиси болоии порламони Русия истифодаи нируи ин кишвар дар хориҷ аз Русияро ба тасвиб расонд. Ин қонун акнун ба Владимир Путин иҷоза хоҳад дод, ки вай нируҳои Русияро дар Сурия мустақар кунад.

Дар ин бора Сергей Иванов-раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Русия хабар дод.

Бори аввал порламони Русия дархости Путинро дар бораи истиқрори нируҳои ин кишвар дар хориҷ аз Русияро ба тасвиб расонда буд. Дар асоси ин қонун нируҳои Русия нимҷазираи Қрими Украинаро дар аввали соли 2014 ба тасарруфи худ дароварданд.

XS
SM
MD
LG