Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунармандони Узбекистон ба пахта сафарбар шуданд


Кормандони «Узбекфилм», Ширкати миллии садову симо, театрҳо ва иттиҳодияи «Узбеккино» барои ҷамъоварии пахта ба саҳрои пахтаи вилоятҳои Тошканд ва Намангон сафарбар шуданд.

«Назди мо нақша гузоштанд, ки то бегоҳ ҳар кадом 30-килограммӣ пахта чинем», гуфтааст яке аз ҳунармандони шинохтаи «Узбекфилм».

Аммо ҷолиб он буд, ки ташрифи меҳмонон кори сокинони деҳотро ба ҳам зад. Онҳо аз як майдон ба майдони дигар мерафтанд, то ки «ситораҳоро» аз наздик бубинанд ва бо онҳо акс гиранд.

Баъд аз манъ кардани ҷалби мактаббачаҳо аз ҷамъоварии пахта, гаронии ин бор бар души кормандони бахши буҷавии корхонаҳои Узбекистон афтодааст.

XS
SM
MD
LG