Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи маргталабона ба бозии крикет


Акс аз бойгонӣ

Ҳамлаи маргталабона ба маҳалли бозии крикет дар ҷанубшарқи Афғонистон, ба гуфтаи мақомот, дастикам 9 кушта ва беш аз 30 захмӣ ба ҷо гузошт. Ин ҳамла дар вилояти бо Покистон ҳаммарзи Пактико рух додааст. Маводи тарканда дар як мотосикл ҷобаҷо шуда буд ва зоҳиран мақомоти маҳаллиеро, ки бозиро тамошо доштанд, ба ҳадаф дошт. Дар чунин як ҳамлаи дигар ҳангоми бозии волейбол дар Пактико дар соли гузашта дастикам 50 нафар ҷон бохтанд. Ҳанӯз касе масъулияти ҳамлаи ахирро ба дӯш нагирифтааст. Қаблан мақомоти афғон гуфтанд, ки бар асари ҳамлаҳои ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” ба посгоҳҳо дар вилояти Нангарҳор 3 маъмури пулис кушта ва 8 тани дигар захмӣ шуданд. Ин нахустин ҳамлаи “Давлати исломӣ” ба нирӯҳои амниятии Афғонистон субҳи 27 сентябр дар вулусволии бо Покистон ҳаммарзи Очин сурат гирифтааст. Аҳмадзиё Абдулзай, сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоие, ки дар пайи ин ҳамла анҷом шуданд, 60 ҷангии “Давлати исломӣ” кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG