Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба Қундуз ҳамла кардаанд


Қундуз. Акс аз бойгонӣ
Қундуз. Акс аз бойгонӣ

Ҷангиёни Толибон ҳамлаи наве алайҳи маркази вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистонро анҷом додаанд. Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳи амниятии Қундуз гуфт, ин ҳамла субҳи 28 сентябр сурат гирифт. Бино ба хабарҳо, ҷангҳо бо нирӯҳои давлатӣ ҳанӯз идома дорад ва дар маркази шаҳр садои тӯпу тирборон шунида мешавад. Ҳусайнӣ гуфт, чархболҳои Урдуи давлатӣ мавқеъҳои ҷангиёнро дар канораҳои Қундуз тирборон кардаанд. Ӯ афзуд, то ин лаҳзаҳо ҳудуди 20 ҷангӣ кушта шуда, нирӯҳои давлатӣ низ қурбонӣ додаанд. Толибон аз тариқи Твиттер масъулияти ҳамларо бар ӯҳда гирифта, аз сокинони Қундуз хостаанд, аз хона набароянд. Манотиқи қаблан ороми шимоли Афғолнистон дар солҳои охир ба ташаннуҷи вазъ рӯбарӯ шудаанд. Шаҳри Қундуз дар моҳи апрел низ шоҳиди даргириҳои пароканда бо Толибон шуда буд. Ҷангиён бахусус дар пайи анҷоми маъмурияти ҷангии НАТО дар Афғонистон фаъол шудаанд.

XS
SM
MD
LG