Тақрибан 200 нафар ҳоҷиён дар ҷараёни адои маросими ҳаҷ дар шаҳраки Минои Макка дар талотуме зери по мондаанд ва ҷон доданд. 390 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Шумораи ҷонбохтагонро баъзе хабаргузориҳо то 150 нафар мегӯянд.
Ожонси дифои шаҳрвандии Арабистони Саъудӣ дар ин бора ба хабаргузориҳо гузориш додааст. Ин ҳодиса замоне рух додааст, ки ҳоҷиён саъй мекарданд дар Ҷамарат ба шайтони рамзӣ санг зананд.
Тақрибан 2 миллион зоирон дар сангзанӣ ба шайтони рамзӣ ширкат карданд ва он яке аз маросимҳои аслии ҳаҷҷи 5 рӯзаи зоирон дониста мешавад.
Дар оғози маросимҳои ҳаҷ низ крани сохтмонӣ ба рӯи Масҷиди Ҷомеъ афтод ва дар он 107 нафар кушта, 350 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Дар бораи шахсияти кушташудагон ва ҳоҷиёни маҷруҳ то ҳол хабар дода нашудаанд ва маълум нест, ки оё ҳоҷиёни тоҷик дар байни онҳо ҳастанд ё хайр.