Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани як қочоқчӣ дар марз


Дар пайи як задухӯрд дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як қочоқбар кушта шудааст.

Аз ин шаҳрванди кушташудаи Афғонистон, ки дар ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон нобуд шудааст, Ҷаббор валади Оқил, сокини деҳаи Кулӯхтеппаи вулусволии Қалъаи Золи влояти Кундуз ном бурда мешавад.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, як масъули маркази матбуотии Вазорати дифоъи Тоҷикистон бо пахши як баёнияи расмӣ гуфт: “Дар вақти убури ғайриқонунии хатти сарҳад 4-5 қочоқчиён бо сарҳадчиёни тоҷик рӯбарӯ мешаванд. Сарҳадбонон тибқи талаботи оинномаи сарҳадӣ тири ҳушдордиҳанда холӣ карда, қасди боздошти қочоқчиёнро доштанд. Аммо марзшиканҳо муқовимат нишон дода, дар натиҷа як нафари онҳо кушта шудааст”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар маҳалли ҳодиса як адад милтиқи шикорӣ бо тирҳояш, 2 адад нориҷаки тамғаи РГД-5 ва зиёда аз 16 килограмм маводди мухаддир ёфт ва мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG