Пайвандҳои дастрасӣ

Попи Рум ба Куба сафар кардааст


Раул Кастро ва поп Франсиск

Попи Рум Франсиск вориди Ҳавана, пойтахти Куба шуд. Ин оғози сафарест, ки боздиди попи Рум аз Амрикоро низ дар бар мегирад. Ӯро дар Ҳавана президенти Куба Раул Кастро ба ҳузур пазируфт. Попи Рум бо истиқбол аз гармшавии равобити Кубаву Амрико аз раҳбарони ҳарду кишвар хост, то ин масирро ҳамчун “намунаи мусолиҳа барои тамоми дунё” ҳифз кунанд. Франсиски 78-сола се шабро дар Куба ба сар бурда, сипас ба Амрико меравад. Ӯ ҳафтаи оянда дар Конгресси Амрико ва дар Маҷмаи кулли СММ суханронӣ хоҳад кард. Ӯ дар як маросими чандмазҳабӣ дар маҳалли ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк ширкат варзида, дар Филаделфия низ ваъз хоҳад гуфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG