Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар Сурия нигарон аст


Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки чанд соат баъд аз гуфтугӯи телефонии рӯзи ҷумъаи вазирони дифои Амрико ва Русия дар бораи бӯҳрони Сурия, Маскав чанд ҳавопаймои ҷангиро ба як пойгоҳи ҳавоӣ дар Сурия фиристодааст.

Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи гузашта дар Лондон пас аз гуфтугӯ бо ҳамтои бритониёиаш гуфт, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Русия метавонад як таҳдиде барои нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидони он дар Сурия шумурда шавад.

Ҷон Керри дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунон гуфт, ки раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад бояд аз қудрат канор равад. Аммо ба гуфтаи вай, замони барканории ӯ аз роҳи гуфтугӯ ҳал мешавад. Қабл аз ин Амрико аз Русия ва Эрон хост, то бо истифода аз нуфузашон Башор Асадро моил созанд, ки бо ҷангҷӯёни мухолифини миёнарави Сурия гуфтугӯ кунад.

Ҷон Керри вазири умури хориҷии Амрико дар ин нишасти хабарӣ афзуд, ки ИМА ва муттаҳидонаш талош кардаанд, то барои ҳалли бӯҳрони Сурия Башор Асадро ба мизи музокирот бинишонанд, аммо ба гуфтаи вай, Башор Асад намехоҳад музокират кунад ва Русия ҳам дар ин роҳ кӯмак намекунад.

"Мо ба музокира ва гуфтугӯ ниёз дорем. Ин чизе аст, ки мо интизори онро дорем. Аммо умедворем, ки Русия, Эрон ва ё кишварҳои дигаре, ки нуфуз доранд, дар ин замина моро кӯмак намоянд ва ин чизест, ки моро дар расидан ба поёни бӯҳрон ёрӣ мерасонад. Мо барои гуфтугӯ омода ҳастем ва оё раиси ҷумҳури Сурия барои баҳс ва гуфтугӯ омода аст? Ӯ воқеан мехоҳад, ки гуфтугӯ ва музокира кунад? Ва оё Русия ҳозир аст, ки ӯро ба пои мизи музокира биёварад? Ва оё барои поён додани ин хушунатҳо роҳи ҳалле пайдо мешавад? Ин ҳама пурсишҳои асосианд."

Русия гуфтааст, ки барои мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" нерӯ ва таҷҳизоти низомии худро дар Сурия ҷобаҷо кардаст. Як мақомои амрикоӣ, ки нахост номаш зикр шавад, ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс гуфтааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" нерӯи ҳавоӣ дар ихтиёр надорад ва ҳавопаймоҳои русӣ дар майдони ҷанг тавони ҳадаф гирифтани мавзеъҳоро доранд ва метавонанд аз нерӯҳои заминӣ ҳимоят кунанд. Ин мақоми амрикоӣ гуфт, "Русия пас аз ҳамлаи Шӯравии пешин ба Афғонистон, аввалин бор аст, ки хориҷ аз қаламрави ин кишвар ба ин миқдор нерӯ ва таҷҳизот мефиристад."

XS
SM
MD
LG