Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти сафири собиқи Қирғизистон дар Душанбе


Урмат Саралаев
Урмат Саралаев

Урмат Саралаев, сафири собиқи Қирғизистон дар Тоҷикистон, дар синни 69 аз олам чашм пӯшид.

Саралаев аз соли 2006 ба ҳайси мушовир дар сафорати Қирғизистон дар Душанбе ба кор пардохта, аз 20 октябри соли 2010 то 30 июни соли 2014 дар мақоми сафири кишвараш дар Тоҷикистон кор карда буд. Шадидтарин таниш байни Қирғизистону Тоҷикистон маҳз дар давраи сафорати Саралаев иттифоқ уфтод. Дар мояи январи соли 2014 дар пайи як задухӯрд дар марзи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон, Бишкек сафирашро аз Душанбе фаро хонд ва барои тақрибан се моҳ марзҳояшро бо Тоҷикистон баст. Саралаев танҳо дар моҳи апрел ба Душанбе баргашт, аммо баъди се моҳ сафоратро ба Мирослав Ниёзов супурд ва боз ба Бишкек баргашт. Як соли охир ӯ дар мақоми ноиби ректори Академияи дипломатии вазорати хориҷаи Қирғизистон дар умури илм кор мекард. Урмат Саралаев доктори улуми сиёсӣ буд.

XS
SM
MD
LG