Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори 348 маҳбус дар пайи ҳамлаи Толибон ба зиндони Ғазнӣ


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар пайи ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба зиндони умумии Ғазнӣ, наздик ба 350 маҳбус фирор кардаанд.

Дар пайи ҳамлаи шаби гузаштаи гурӯҳи Толибон ба зиндони умумии шаҳри Ғазнӣ, 348 тан аз маҳбусон фирор кардаанд. Муҳаммадалӣ Аҳмадӣ, муовини волии вилояти Ғазнӣ субҳи рӯзи душанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 10 толиби мусаллаҳ ҳудуди соатҳои дуи шаби гузашта ба зиндони умумии шаҳри Ғазнӣ юриш бурданд.

Дар ин ҳол, генерал Ориф, муовини раёсати маҳбасҳо ва тавқифгоҳҳои вазорати умури дохилии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар даргирии нерӯҳои амниятӣ бо ҳамлаварон, чаҳор муҳофизи зиндон кушта ва ду нигаҳбон ва ду зиндонии дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи генерал Ориф, дар ин зиндон ҳудуди 432 маҳбус нигаҳдорӣ мешуданд.

Манбаъҳои амниятии афғон гуфтаанд, ки дар ҳамлаи Толибон ба ин зиндон, аз силоҳҳои сабук ва вазнин истифода шуда ва дар ин ҳодиса онҳо аз ҳамлакунандагони интиҳорӣ низ кор гирифтаанд. Сокинони Ғазнӣ ҳам дар маркази ин вилоят гуфтаанд, ки онҳо садои таркишҳои мудҳишро шунидаанд

Толибон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифта ва гуфтаанд, ки ба дунболи ин ҳодиса, чаҳорсад зиндонӣ аз маҳбаси Ғазнӣ муваффақ шудаанд, ки фирор намоянд.

Вилояти Ғазнӣ дар маркази шарқии Афғонистон воқеъ буда ва яке аз ноамнтарин минтақаҳои ин кишвар ба шумор меравад. Дар ин вилоят Толибон фаъолияти густурда доранд ва дар гузашта борҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён даргириҳои хунин рух дода буд.

XS
SM
MD
LG