Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раиси "Инсоф-2010" барои саркашӣ аз пардохти андоз


Директори ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Инсоф-2010" ба гумони саркашӣ аз пардохти андозҳо боздошт гардидааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 9 август директори 34-солаи Ҷамъияти "Инсоф-2010" зимни амалиёти муштараки кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва кормандони Прокуратураи шаҳри Душанбе дастгир шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин фард аз якуми январ то моҳи июни соли ҷорӣ тавассути марзи гумрукӣ аз Ҳиндустон маҳсулоти гуштиро ворид намуда ва онро ба фурӯш гузоштааст, аммо аз пардохт андози он, ки беш аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, саркашӣ кардааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки алайҳи ин шахс парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда ва тафтишотро идома медиҳад. Боздошти директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳудуди "Инсоф-2010" дар ҳолест, ки Кумитаи андози Тоҷикистон чанде қабл ин ширкатро ба руйхати "андозсупорандагони бемасъулият" ворид карда буд.

XS
SM
MD
LG