Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Вазири хориҷии Арманистон ба Душанбе меояд

Эдвард Налбандян, вазири умури хориҷии Арманистон.

Эдвард Налбандян, вазири корҳои хориҷии Арманистон дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон сафар мекунад. Вазири корҳои хориҷии Арманистон ин хабарро рӯзи 9 сентябр зимни ироаи паёми табрикӣ ба Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба муносибати 24- умин солгарди истиқлоли ин кишвар баён кардааст. Ҷаноби Налбандян дар ин паём гуфтааст, “анъанаи эҳтироми мутақобилонаву самимона ва дӯстии мардумони Арманистону Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир асоси бунёдӣ барои густариш ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф ба манфиати ҳар ду кишвар аст.”

Вазири корҳои хориҷии Арманистон ибрози умедворӣ кардааст, ки сафари расмии барномарезишудааш ба Тоҷикистон дар моҳи ҷорӣ гоми муҳиме барои тақвияти ҳамкориҳо миёни ҳар ду кишвар хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 10 сентябр зимни тасдиқи хабари сафари расмии вазири корҳои хориҷии Арманистон ба Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин сафар нимаи дуюми моҳи ҷорӣ баргузор мешавад. Аммо ин масъулон санаи дақиқи сафари расмии вазири корҳои хориҷии Арманистон ба Душанберо эълом накарданд.

Зимнан, миёни Тоҷикистон ва Арманистон ҳудуди 30 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расида ва ҳар ду кишвар узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд. Мубодилаи коло миёни Тоҷикистон ва Арманистон дар соли гузашта ҳудуди 1 миллион долларро ташкил додааст, ки аз назари мақомоти ҳар ду кишвар қонеъкунанда нест.

Аз соли 2000-ум то кунун раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Арманистон ба кишварҳои ҳамдигар ду маротибагӣ; солҳои 2002 ва 2011, раиси ҷумҳури Арманистон ба Тоҷикистон ва солҳои 2004 ва 2010, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Арманистон сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дастури нав. Дар Хуҷанд арӯсу домод аз тести коронавирус мегузаранд

Пештар ҳангоми ворид шудан ба тӯйхонаҳо таби сокинонро месанҷиданд. Ҳамчунин пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмист

Дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дастур шудааст, ки арӯсу домод ва иштирокдорони дигари тӯй пеш аз маросим аз ташхиси коронавируси нав гузаранд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд рӯзи 3-юми август хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Маъруф Муҳаммадзода, раиси Хуҷанд, дар ҷаласаи Ситоди муқобила бо COVID-19 гуфтааст, "ин тадбир барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ амалӣ карда мешавад."

Пештар ҳангоми ворид шудан ба тӯйхонаҳо таби сокинонро месанҷиданд. Ҳамчунин пӯшидани ниқоби тиббӣ дар чунин маъракаҳо ҳатмист.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд аз қавли Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, навишт, "таҳлили даҳрӯзаи охир нишон медиҳад, ки теъдоди беморони илтиҳоби шуш ва короновирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст".

"Мутаассифона, ин беморӣ бидуни нишона зуҳур намудааст, ки ташвишовар гардидааст", -- гуфтааст ӯ.

Дар нишасти Ситоди муқобила бо COVID-19 дар маркази Суғд аз он нигаронӣ шудааст, ки дар баъзе аз марказҳои савдову бозорҳо ва ошхонаҳо чораҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагир риоя намешавад. Маъруф Муҳаммадзода гуфтааст, "дар сурати иҷро нагардидани чораҳо, фаъолияти ин марказҳои савдо бе огоҳӣ қатъ карда мешавад, зеро саломатии шаҳрвандон аз ҳама манфиатҳо боло меистад."

Аз охири моҳи апрел то 3-юми август дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, беш аз 7500 кас ба бемории коронавируси нав гирифтор шуда, зиёда аз 6300 нафар шифо ёфтаанд. 61 ҳам ҷони худро аз даст додаанд. Омори ғайрирасмӣ аз ин бештар гуфта мешавад.

Рамазон Раҳимзода: То ҷасади Гулмурод Ҳалимовро набинем...

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии 3-юми августи 2020

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси иттилое, ки дастрас кардаанд, Гулмурод Ҳалимов – сардори пешини ОМОН – дар як амалиёт дар Сурия кушта шудааст. Рамазон Раҳимзода айни замон гуфт, то ҷасадашро набинанд, ин хабарро пурра тасдиқ карда наметавонанд.

"Аз рӯйи нишондоди дастгиршудаҳо ва ахбороти дигар ҳамроҳи аҳли оилааш дар амалиёти муштарак дар Сурия нобуд карда шудааст. Ин аз рӯйи шоҳидии шахсонест, ки дастгир шудаанд", -- гуфт вазир дар нишасти хабарии 3-юми август дар шаҳри Душанбе.

Аммо, ба қавли ӯ, "то мурдаашро набинем ва шахсияташ тасдиқ нашавад, онро пурра тасдиқ карда наметавонем."

Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, соли 2015 ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ пайваст ва то ба сатҳи "вазири ҷанг"-и ин созмони террористӣ расид.

Аз соли 2017 ба ин сӯ дар бораи захмӣ шудан ва ҳалокати ӯ дар Ироқу Сурия чанд дафъа гузоришҳо нашр шудааст. Вазорати дифои Русия соли 2017 эълон кард, ки ӯ дар як ҳамла дар минтақаи Дейр-Аз-Зори Сурия “сахт захмӣ шуд”. Нашряи “Таймс” ҳамон сол дар бораи ҳалокати ӯ дар Ироқ хабар дод, вале марги ӯро ягон кишвар расман тасдиқ накардааст.

Гулмурод Ҳалимов дар Тоҷикистон ба “зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ” айбдор аст. Ӯ таҳти таҳрими Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад ва Амрико барои маълумоти арзишманд дар бораи макони ӯ 3 миллион доллар ваъда карда буд.

Ҷеенбеков қонун "Дар бораи дасткории иттилоъ"-ро имзо накард

Сооронбой Ҷеенбеков

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба қонун "Дар бораи дасткории иттилоъ", ки 25-уми июл аз сӯи порлумони ин кишвар қабул шуда буд, эътироз кард.

Ҷеенбеков, аз ҷумла пешниҳод кард, ки механизми иҷро ва ҷанбаҳои техникии назорати қонун бозбинӣ шавад. Ин кор бояд бо ҷалби намояндагони ҷомеа, коршиносон ва ниҳодҳои давлатӣ сурат гирад.

Президенти Қирғизистон афзуда, ки озодии изҳори назар ва озодии иттилоъ яке аз ҳуқуқҳои асосии инсонанд, ки Конститутсияи ин кишвар ва созишномаҳои минтақавию байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар кафолат додаанд.

Ба ин тартиб, Ҷеенбеков қонуни мазкурро барои бозбинӣ баргардонд.

Дар Беларус ҷаласаи ғайринавбатии порлумон баргузор мешавад

Яке аз суханрониҳои Лукашенко дар ҳузури порлумон дар соли 2016

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус бо судури қароре, вакилони ин кишварро ба ҷаласаи ғайринавбатии порлумон даъват кард. Даъвати ҷаласа чанд рӯз пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат мегирад, ки қарор аст, рӯзи 9-уми август сурат бигирад.

Наталя Эйсмант, сухангӯи Лукашенко рӯзи 2-уми август гуфт, ки раиси ҷумҳур рӯзи 4-уми август дар ин ҷаласа дар ҳузури вакилони мардумӣ суханронӣ мекунад. Баъди авҷ гирифтани фишор ба раиси ҷумҳур аз тарафи рақибонаш Лукашенко ҷаласати ғайринавбатии порлумонро ба рӯзи 3-уми август таъйин кард.

Ӯ гуфт, ки ба сабаби эпидемияи коронавирус ҷаласаро, ки қарор буд, моҳи апрел баргузор шавад, ба рӯзҳои баъди гузошт. Светлана Тихановская, номзади мухолифон ба мақоми раиси ҷумҳур рӯзи 28-уми июл гуфт, ки ба ҳарду палатаи порлумон, Кумиссиёни марказии интихобот ва Кумитаи миллии телевизион ва радио дархост кардааст, ки ба ӯ ҳам иҷоза бидиҳанд, дар рӯзи нутқи Александр Лукашенко, ӯ ҳам суханронӣ кунад. Аммо ба эҳтимоли ғолиб ба ӯ чунин иҷозаро намедиҳанд.

Ҳафтаҳои гузашта даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Минск ва дигар шаҳрҳои Беларус ба нишони ҳимоят аз ӯ ва мухолифи Александр Лукашенко эътироз карданд. Дар умум, Шӯрои Миллӣ ва ё порлумони Беларус салоҳиятҳои зиёде надорад ва ҳамаи қудрат дар дасти ҳукумати Александр Лукашенко аст, ки аз соли 1994 аз замони ба даст овардани истиқлол, раиси ҷумҳури Беларус аст. Мухолифат ба ӯ, ки номзадиашро бори шашум аст, ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод мекунад, рӯ ба афзоиш овардааст .

Ҳангоми тақсими кумаки иҷтимоӣ дар Тошканд ҷанҷол сар зад

Дар ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд рӯзи 31-уми июл ҳангоми тақсими кумаки иҷтимоӣ, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар замони пандемияи коронавирус ваъда додааст, миёни сокинон ва намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ҷанҷол сар зад.

Сокинони норозӣ гуфтанд, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ёриҳоро на ба ниёзмандон, балки шиносҳои худ тақсим мекунанд. Як манбаъ гуфт, ҳодисаҳои ҳамсон дар вилояти Хоразм ҳам мушоҳида шудааст.

Видеое, ки дар Интернет нашр шуд, нишон медиҳад чӣ гуна кормандони ҳифзи ҳуқуқ талош доранд, ҷонибҳои низоъро ором кунанд.

Дар навор ҳамчунин ҷанҷоли намояндагони кумитаи маҳаллаҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ сабт шудааст. Сокинони Сергелӣ дар навор мегӯянд, намояндагони кумита ба ниёзмандони воқеӣ мадад намекунанд.

Дар натиҷа рӯзи 1-уми август ба ноҳияи Сергелӣ намояндагони ҳукумати Узбекистон ва шаҳрдории Тошканд рафтанд. Ба иттилои расонаҳо, сокинони норозӣ бо муовини сарвазир ва вазири рушди иқтисодиву коҳиши фақр дар Узбекистон Ҷамшед Кучкаров, вазири умури маҳалла ва хонаводаҳо Раҳмат Маматов ва шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев мулоқот карданд.

Намояндагони ҳукумати Узбекистон ба сокинони Сергелӣ ваъда додаанд, ки масъалаи расонидани кумаки иҷтимоиро баррасӣ хоҳанд кард. Шаҳрдори Тошканд ба сокинон як рӯз вақт додааст, ки бо раисони маҳаллаҳо рӯйхати ниёзмандонро худ таҳия кунанд.

"Ин кумак 700 ҳазор сӯм аст. Дар аввал дар ҳар як лифофа дар ҳақиқат 1 миллион сӯм (100 доллар) буд, вале вақте дарёфткунандагон лифофаҳои худро пинҳон карданд, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ва маъмурият гуфтанд, ҳар нафари шумо бояд 300 ҳазор сӯмиро баргардонад, дар ғайри сурат дафъаи оянда ба рӯйхати ниёзмандон шомил намешавед", - мегӯяд муаллифи навор.

Помпео гуфт, ширкатҳои амрикоӣ аз вазъи Шинҷон "акнун огоҳ мешаванд"

Майк Помпео

Вазири умури хориҷии Амрико Майк Помпео гуфт, ширкатҳои амрикоӣ акнун дар бораи поймол шудани ҳуқуқи инсон дар минтақаи Шинҷони Чин огоҳ шуданд. Ӯ бори дигар аз ширкатҳо даъват кард, ки тасмими роҳандозии тиҷорат дар он минтақаро бознигарӣ кунанд.

Помпео рӯзи 2-юми август дар суҳбат бо телевизиони Fox News гуфт, Амрико тасмим дорад, рӯзҳои наздик ба зидди ширкатҳои чинӣ дар бахши таъмини барномаҳо чора андешад. Вай ҳамчунин афзуд, созиши тиҷоратии Чину Эрон ба нооромшавии вазъ дар Ховари Миёна мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи вай, "Корпуси истеҳсолӣ-сохтмонии Шинҷон" (XPCC), ки Вазорати молияи Амрико рӯзи 31-уми июл онро таҳрим кард, бо ширкатҳои ғарбӣ, аз ҷумла амрикоӣ "робитаҳои зич" дорад. Помпео изҳор дошт, ки "Корпуси истеҳсолӣ-сохтмонии Шинҷон" дар истеҳсоли пахта ширкат дошт. "Фикр намекунам, баъзе аз ширкатҳо, брендҳои Амрико мехоҳанд ба он чи дар онҷо рух медиҳад, рабт дошта бошанд", - афзуд котиби давлатии Амрико.

Таҳримҳо ҳабси дороии ширкатҳо ва мансабдоронро пешбинӣ ва муносибатҳои кории шаҳрвандони ИМА-ро бо онҳо манъ мекунад. Брендҳои амрикоӣ, ки бо истеҳсоли либос машғуланд, қисми зиёди пахтаро аз Чин ворид мекунанд.

Помпео Ҳизби коммунисти Чинро ба анҷоми "чизҳои даҳшатовар" нисбат ба уйғурҳо ва мусулмонони туркзабони Шинҷон, аз қабили нозо кардани занону сиқти иҷбории ҳамл айбдор кард.

Дар Қазоқистон дар як рӯз аз COVID-19 ва илтиҳоби шуш 55 кас фавтидааст

Яке аз марказҳои ташхис дар шаҳри Алмато.

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой 3 август дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки 2 август дар он кишвар 798 ҳолати мубталошавӣ ба илтиҳоби шуши коронавирусӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, шумори умумии ҳолатҳои фавт бар асари коронавирус ё COVID-19 дар Қазоқистон ба 1058 расид. Дар давоми як шабонарӯз дар ин кишвар 34 кас аз коронавирус ва 21 нафар аз илтиҳоби шуш фавтидааст.

Сой дар посух ба рӯзноманигорон иддао дар бораи онро рад кард, ки гӯё мақомоти қазоқ маълумоти воқеӣ дар бораи ҳамагир шудани коронавирусро аз сокинон пинҳон мекунанд.

"Мо ҳамаи ҳолатҳои илтиҳоби шушро нишон медиҳем. Инҷо ягон пинҳонкорӣ нест. Ин рақамҳо воқеӣ ва барои сокинон дастрасанд. Ҳамаи омори беморонро дорем",-афзуд вай.

Вазири тандурустии Қазоқистон гуфт, шумораи мубталоён ба коронавирус барои он афзоиш меёбад, ки онҳо санҷиши сокинон аз вирусро бештар кардаанд.

Бино ба омори расмӣ, дар ин кишвар дар маҷмӯъ 92 662 кас ба коронавирус мубтало шудааст, ки 67,5 дарсади онҳо аллакай шифо ёфтаанд

Коронавирус сатҳи бекориро дар Узбекистон боло бурд

"Мардикорбозор"-и Тошканд. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати меҳнат ва муносибатҳои кории Узбекистон хабар дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар ин кишвар сатҳи бекорӣ ба 13,2 дарсад расидааст.

Ба гуфтаи вазорат, сатҳи бекорӣ дар Узбекистон дар натиҷаи маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус боло рафтааст.

Як пажӯҳиш нишон дода, ки мизони бекорӣ дар миёни қишри фаъоли аҳолии Узбекистон аз нигоҳи иқтисодӣ 13,2 дарсадро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 9,1 дарсад будааст.

Шумори умумии узбекистониҳое, ки ба ҷои кор ниёз доранд, ба 1 994,0 ҳазор расидааст (Сатҳи бекорӣ дар миёни ҷавонони аз 16 то 30-сола 20,1 дарсад, дар миёни бонувон 17,4 дарсад).

Ин пажӯҳиши вазорат дар асоси меъёрҳои тавсиявии Созмони байналмилалии кор дар 101 шаҳру ноҳияи Узбекистон анҷом шудааст.

"Болға"-ро, ки Мексикаро ба "дод оварда буд", дастгир карданд

Маъмурони амниятӣ баъди боздошти "Болға" назорати кӯчаҳои шаҳрро тақвият бахшиданд.

Мақомоти интизомии Мексика раҳбари бадноми як гуруҳи ҷиноиро дастгир карданд, ки аз сабабгорони асосии афзоиши қатлу куштору ҷиноят дар иёлати Хуанухуато ба ҳисоб меравад. Додситонии иёлат рӯзи 2-уми август эълон кард, ки Хосе Антонио Йепез Ортиз раҳбари гуруҳи ҷиноии Санта Роза де Лимаро дастгир карданд.

Мақомоти Мексика Йепез Ортизро, ки бо лақабҳои “Эл Марро” ва “Болға” маъруф шудааст, солҳо боз ҷустуҷӯ доштанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, ӯро ҳамроҳ бо панҷ муттаҳам ба рабудани як соҳибкори зан дастгир кардаанд. Гуруҳи ҷиноии Санта Роза бо дуздии нафт аз лӯлаву полоишгоҳҳои давлатӣ ва ғорати қаторҳои сӯзишворӣ қудрат гирифт.

Баъди тақвияти муҳофизати ин иншоот гуруҳ ба одамрабоӣ ва тамаъҷӯӣ оғоз кард. Чанде пеш гуруҳи Санта Роза бо гуруҳи ҷиноии дигар бо номи Ялиско ҷангро шуруъ кард, ки мехоҳад, назорат бар шаҳри Хуанхуато, як маркази муҳими саноатиро зери назорат гирад. Бар асоси омор, дар шаҳри Хуанхуато дар соли 2019 3540 нафар ва ё рӯзона то 10 нафар кушта шудаанд.

Фазонаварди Амрико аз кайҳон бо муваффақият фуруд омад

Роберт Бенкен аз чап ва Дуглас Ҳарли аз рост.

Фазонаварди SpaceX Crew Dragon рӯзи 2 -уми август ду кайҳоннаварди амрикоиро бо муваффақият аз Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ ба замин баргардонд. Фазонавард, ки дар обҳои Халиҷи Мексика афтод, ҳам барои Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико ва ширкати SpaceX – и Элон Маск комёбӣ ба ҳисоб меравад, чун дигарбора имкон дод, Иёлоти Муттаҳида мустақилона кайҳоннавардонашро ба кайҳон фиристода ва баргардонад.

Дар таърихи Амрико ҳам бори аввал аст, ки фазонаварди сохтаи ширкати хусусиро барои чунин маъмуриятҳо истифода мебаранд. Амрико аз соли 2011 то кунун бо истифода аз мушакҳои “Союз”- и Русия кайҳоннавардонашро ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ мефиристод. Амрико дар он сол аз партоби чунин фазонавардҳо даст кашид.

Кайҳоннавардони амрикоӣ Дуг Ҳарлӣ ва Боб Бенкен рӯзи 31-уми май ба истгоҳи мазкур ворид шуданд. Онҳоро фазонаварди SpaceX Falcon 9 аз Пойгоҳи Кайҳонии Кеннеди дар Флорида ба осмон партоб карданд.

Дар ним сол аз ду ҳамла дар Тоҷикистон пешгирӣ шудааст. ВИДЕО

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ним соли гузашта аз ду ҳамлаи, ба гуфтаи онҳо, террористӣ пешгирӣ кардаанд.

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД, рӯзи 3-юми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳарду ҳамларо ҷонибдорони гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" тарҳрезӣ карда буданд. "Пеш аз он ки ҳамларо анҷом диҳанд, дастгир шуданд. Онҳо мехостанд, ҳамлаҳоро дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Рашт анҷом диҳанд ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро ҳадаф қарор диҳанд", -- афзуд ӯ.

Тасдиқи хабар аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Дар ним сол аз ду ҳамла дар Тоҷикистон пешгирӣ шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамзамон аз ошкор шудани 875 ҷинояти хусусияти терроризму ифротгароидошта хабар дод. Шодӣ Ҳафиззода гуфт, дар ним сол беш аз дусад узви созмонҳои террористиву ифротгароро дастгир кардаанд. Вай шумори афроди дастгиршударо чунин баршумурд:

  • 203 узви "Бародарони мусалмон";

    27 узви "Давлати исломӣ";

    17 узви "Салафия";

    8 узви "Ҷамоати Ансоруллоҳ";

    4 узви "Гурӯҳи 24";

    3 узви ҲНИТ;

    3 узви "Ал-Қоида";

    1 узви "Ҳаракати исломии Узбекистон";

    1 узви Толибон;

    1 узви "Ҷамоати таблиғ".

Ба қавли ӯ 92 нафаре, ки ба узвият дар гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро муттаҳам буданд, дар хориҷ дастгир ва ба кишвар оварда шудаанд.

Назари муттаҳамон ва пайвандону вакилони дифои онҳо маълум нест. Мақомот дар гузашта навори баъзе аз боздоштшудаҳо ва ибрози пушаймонии онҳоро дар телевизионҳои давлатӣ пахш кардаанд, аммо маълум нест он таҳти чӣ шароит сабт шудааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон солҳои ахир Тоҷикистонро барои он танқид мекунанд, ки бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ озодиҳои сиёсиву мазҳабиро дар кишвар маҳдуд мекунад. Интиқоде, ки мақомот онро қабул надоранд.

Тихановская мегӯяд, Беларус бояд мустақил бимонад

Светлана Тихановская

Светлана Тихановская яке аз номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Белорус гуфт, мухолифи таъсиси кишвари воҳид бо Русия аст, вале хост, робитаҳои хуб бо Маскав нигаҳ дошта шавад. Тихановская, тарҷумони забони инглисӣ баъди он ба сабқат барои соҳиб шудан ба мақоми курсии раиси ҷумҳур ворид шуд, ки шавҳараш Сергей Тихановский, видеоблоггери шинохта дар Беларусро дастгир карданд.

Светлана Тихановская дар суҳбат бо хабаргузории Lenta.ru гуфтааст: “Шахсан ман, мухолифи ҳамоиши амиқтар бо Русия ҳастам, чун Беларус кишвари мустақил аст. Мо мехоҳем, мустақил бошем. Мо мехоҳем дар байни кишварҳо дӯст пайдо кунем, на душман.”

Вақте аз ӯ пурсиданд, ки Беларус бояд дар пайи пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо бошад, ё ба Ғарб наздик шавад, ӯ гуфт, ки ин як интихоби дурӯғ аст. Ӯ дар посух гуфт, Беларус бояд ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсиро бо тамоми кишварҳо ривоҷ диҳад.

Теъдоди гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон аз 18 миллион гузашт

Лос Анҷелес ҳам шоҳиди доман задани беморӣ шуд.

Теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон то рӯзи 3-уми август аз 18 миллион нафар гузашт ва дар чанде аз кишварҳои ҷаҳон рӯзона теъдоди рекордии беморон сабт мешавад. Дар Амрико, ки дар гӯшаҳои гуногуни он бемории СОVID-19 босуръат доман мезанад, мақомоти Кохи Сафед гуфтанд, ки беморӣ дар кишвар “ба марҳилаи наве” ворид шудааст.

Дебора Брикс, яке аз раҳбарони Ситоди ҳукуматии мубориза бо СОVID-19 дар Амрико гуфт, беморӣ чӣ дар шаҳр ва ё чӣ деҳот “фавқуллода паҳн шудааст”. Дар иёлатҳои ғарбӣ ва ҷанубии Амрико, суръати беморӣ назар ба рӯзҳои пешин кундтар шудааст.

Коронавирус, ки охири соли гузашта дар Чин пайдо шуд, дар Амрико ба 4 миллиону 660 ҳазор нафар сироят карда, 155 ҳазор каси дигарро куштааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт 6 моҳ пеш СОVID-19 пандемия эълон кард ва аз он замон то кунун камаш 687 ҳазор нафар аз беморӣ ҷон додаанд.

Дар баъзе аз кишварҳо, ки баъди кам шудани беморӣ равуо ва фаъолиятҳои иқтисодиро маҳдуд карданд, ҳоло бо бозгашти беморӣ ин маҳдудиятҳоро аз нав ҷорӣ карданд.

Пахши зинда: Нишасти хабарии вазири умури дохилии Тоҷикистон. ВИДЕО

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Нишасти хабарии вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодаро дар ин ҷо бинед. Ӯ ба суолҳо дар бораи боздоштҳо, мубориза бо терроризм ва масоили дигар посух мегӯяд:

ДОИШ бо ҳамла ба зиндоне дар Афғонистон даҳҳо нафарро кушт

Даҳҳо нафар дар натиҷаи ҳамла захмӣ шудаанд.

Дар натиҷаи ҳамлаи террористии гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар шаҳри Ҷалолобод, дар шарқи Афғонистон даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Ҳамла рӯзи 2-юми август дар вилояти Нангарҳор ба вуқуъ пайваст.

Ҷангҷӯён дар ин рӯз мошини бомбгузоришудаеро дар назди зиндон дар шаҳри Ҷалолобод тарконданд ва сипас бо маъмурони амниятӣ ҷангро оғоз карданд. Ҷанг чанд соат ва то шаби 3-юми август идома кардааст.

Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Нангарҳор гуфт, ки нерӯҳои давлатӣ се ҷангҷӯро нобуд кардаанд ва айни замон ҷустӯҷуи ҷангҷӯёни боқимонда ва поксозии минтақа аз ҳузури онҳо идома дорад. Ба иттилои ӯ, дар ин ҳамла 21 нафар аз афроди мулкиву низомиён ва зиндониён кушта шуда, 43 кас маҷруҳ шудаанд.

Ба қавли мақомоти расмӣ, аз 50 то 100 нафар зиндониён гурехтаанд, вале бисёре аз онҳоро дастгир кардаанд.

Гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайти хабаргузориаш бо номи "Аъмоқ" масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт.

Ҳамла як рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки маъмурони амниятии Афғонистон гуфтанд, ки яке аз раҳбарони ДОИШ дар Нангарҳорро куштанд.

Муовини вазири тандурустии Қазоқистон бо гумони дуздӣ боздошт шуд

Олжас Абишев, муовини вазири тандурустии Қазоқистон.

Муовини вазири тандурустии Қазоқистон Олжас Абишев 2 август боздошт шуд.

"Кумитаи назорати молии Вазорати молияи Қазоқистон тасдиқ мекунад, ки муовини вазири тандурустӣ Олжас Абишев аз сӯи маъмурони Хадамоти тафтишоти иқтисодӣ бо гумони дуздии пулҳои буҷа дастгир шудааст", - омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

Манбаъ афзуда, ки бар асоси банди 201-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон "ҷузъиёти тафтишоти мазкур ифшо карда намешавад".

Олжас Абишев соли 2018 муовини вазири тандурустии Қазоқистон таъйин шуда буд. Ӯ дар Вазорати тандурустии Қазоқистон масъалаҳои рақамисозӣ ва амнияти иттилоотиро раҳбарӣ мекард.

Трамп соли гузашта ним миллиард доллар даромад доштааст

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.

Президенти ИМА Доналд Трамп эъломияи андози худро нашр кард. Ӯ соли гузашта 446 миллион доллар даромад доштааст.

Эъломияи Трампро сомонаи Бюро оид ба масоили ахлоқии назди ҳукумати ИМА нашр кард. Манбаи асосии даромади ӯ дар соли гузашта қароргоҳ дар Мар-а-Лаго (иёлати Флорида), осоишгоҳ дар Майамӣ ва меҳмонсарои Trump International дар Вашингтон будааст. Трамп ҳамчунин аз ҳисоби Иттиҳоди ҳунармандони синамои ИМА ва фурӯши китобаш бо номи "Санъати созиш" даромад ба даст меорад.

Додгоҳи олии ИМА ибтидои моҳи июл қарор кард, ки эъломияи андози нуҳсолаи Трамп ба додситонҳо пешниҳод шавад. Маълумот дар бораи даромадҳои президенти ИМА ба Конгресс ироа намешавад.

Якбора се кумитаи Конгресс зидди Трамп шикоят ва аз ӯ ошкор кардани маълумоти молияшро талаб карда буданд. Вале Додгоҳи олии ИМА талаби қонунгузорҳоро рад карда, ҳалли масъаларо дар ихтиёри зинаи поёнии додгоҳ вогузошт. Ин ба он маъност, ки Конгресс пеш аз интихоботи президентии ИМА дар моҳи ноябри соли равон бо эъломияи андози Трамп шинос нахоҳад шуд.

Трамп соли 2015, ҳангоми пешбарии номзадияш ба мақоми президентии ИМА дороии худро 8 миллиарду 800 миллион доллар арзёбӣ карда буд. Вале маҷаллаи Forbes навишт, ки дороии Трамп ду баробар камтар аст.

Forbes моҳи апрели соли равон дороии Трампро 2 миллиарду 1 миллион доллар арзёбӣ кард, ки назар ба нишондоди моҳи октябри соли 2019 як миллиард камтар мебошад.

Мақомоти тоҷик фавти 61 нафарро аз коронавирус тасдиқ карданд

Акси пизишкони тоҷик ҳангоми табобати гирифторони коронавирус

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки шумораи фавтидагон аз коронавирус дар кишвар ба 61 нафар расид.

Дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 22-юми июл номи беш аз 440 нафарро дарҷ кардаанд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 2-уми август хабар дод, ки дар як рӯзи охир 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирусро сабт кардаанд ва як нафар низ фавтидааст.

Тоҷикистон охири моҳи апрел сирояти сокинон ба коронавирусро эътироф кард. Аз он замон то кунун, ба гуфтаи мақомот 7495 нафарро ҳамчун гирифтори коронавирус сабт кардаанд, ки аз ин теъдод 6276 нафараш шифо ёфтаанд.

Мутахассисон мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторон зиёд бошад.

Дар Дубай неругоҳи ҳастаӣ сохтанд

Намое аз шаҳри Дубай

Иморати Мутаҳидаи Араб аз баҳрабардории нахустин истгоҳи неруи ҳастаии “Баракаҳ” хабар дод, ки дар ҷаҳони араб беназир будааст.

Шайх Муҳаммад бини Рашид ал Махтум, шаҳрдори Дубай дар саҳифаи Твитераш рӯзи 1-уми август дар ин бора хабар дод ва зикр кард, ки “имрӯз мо аз истифодаи бомуваффақияти сулҳомези Истгоҳи неруи ҳастаии Имороти Мутаҳидаи Араб дар ҷаҳони араб эълом додем”.

Вай хабар дод, ки “ҳадаф ба истифода додани чаҳор ниругоҳи ҳастаӣ мебошад, то як чаҳор неруи мавриди ниёзи кишварро бароварда кунад”.

Ба гуфтаиӯ, то ҳол кишвар аз истгоҳҳои барқию газӣ ва хуршедӣ истифода мекунад.

Корхонаи “Баракаҳ” дар 280 километрии Дубай дар минтақаи Алдафро қарор дорад.

Ширкати неруи барқи Кореяи Ҷанубӣ паймонкори асосии тарҳи Истгоҳи ҳастаии “Баракаҳ” мебошад.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 94 дар сади корҳо анҷом ёфтаанд ва блокҳои 1-ум ва 2-ум омодаи баҳрабардорӣ ҳастанд.

Раҳбари СҶТ даъват кард, ки ба пандемияи “давомдор” омода бояд шуд

Пизишке дар Мехико

Тедрос Гебрейесус, раҳбари Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ки пандемияи коронавирус эҳтимолан хусусияти «давомдор» касб кунад ва таъсири он даҳсолаҳо эҳсос шавад.

Кумитаи зудамали СҶТ рӯзи 1-уми август вазъиятро дар шаш моҳи гузашта, пас аз он, ки коронавирус аз марзҳои Чин дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд, баррасӣ кард.

Сирояти коронавирус ба сокинони дигар кишварҳои ҷаҳон охири моҳи январ ба вуҷуд омад.

Бархе коршиносон ва сиёсатмадорон, аз ҷумла Доналд Трамп, президенти Амрико СҶТ-ро барои хунукназарӣ дар амри ҷилавгирӣ ва огоҳ кардани кишварҳо аз хатари ҷиддии коронавирус гунаҳкор медонанд.

Раҳбари СҶТ рӯзи 1-уми август гуфт, ки вазъияти фавқулодаро замоне эълон карданд, ки ҳанӯз берун аз Чин касе аз коронавирус нафавтида буд.

Ҳоло бар асоси ҳисобҳои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар саросари дунё аз ин беморӣ 680 ҳазор нафар фавтидааст ва теъдоди гирифторон ба 18 миллион наздик шудааст.

Пандемия аввали моҳи март замоне эълон шуд, ки коронавирус дар Аврупо босуръат паҳн шуд.

Боздошти ҳудуди 70 эътирозгар дар Русия

Дар Тотористони Русия низ эътирозгаронро боздошт кардаанд

Дар шаҳрҳои мухталифи Русия рӯзи 1-уми август ҳудуди 70 нафар эътирозгарро боздошт карданд.

Онҳо бо пуштибонӣ аз сокинони вилояти Хабаровск, ки наздики як моҳ боз барои раҳоии Сергей Фургал, губернатори ин вилоят эътироз мекунанд, ба кӯчаҳо баромада буданд.

Ҳамоиши эътирозӣ дар 20 шаҳри Русия баргузор шуд.

Онҳо аз ҳукуматдорон норизоӣ карданд. Ин ҳамоишро расман иҷозат надода буданд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки барои "кабутаронро дон додан" ба майдони марказии шаҳр рафтанд.

Наздики як моҳ боз дар Хабаровск сокинон эътироз мекунанд.

9-уми июл мақомоти интизомии Русия раиси минтақаи Хабаровск Сергей Фургалро боздошт карданд. Баъди чанде Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки Фургал ба ташкили як қатор кушторҳои фармоишӣ дар минтақаҳои Хабаровску Амурск дар солҳои 2004-2005 гумонбар аст. Феълан маълум нест, ки мавқеи худи Фургал ба ин қазия чист.

Даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз боздошти губернатори кишвари Хабаровск чанд ҳафта боз раҳпаймоӣ мекунанд.

Мақомоти Афғонистон аз кушта шудани як раҳбари ДОИШ хабар доданд

Асадуллоҳ Оракзай, мақоми баландпояи ДОИШ дар Афғонистон

Мақомоти иктишофии Афғонистон хабар доданд, ки рӯзи 1-уми август як раҳбари гуруҳи ДОИШ-ро дар ин кишвар куштанд. Ба гуфтаи онҳо, Асадуллоҳ Оракзай, нафаре, ки дар куштори даҳҳо низомӣ ва ғайринизомӣ даст дошт, дар наздикии шаҳри Ҷалолобод кушта шуд.

Кушта шудани як раҳбари ДОИШ дар ҳолест, ки миёни гуруҳи Толибон ва давлати Афғонистон барои таҷлили Иди Қурбон оташбаси се рӯза эълон шуда буд.

Дар Афғонистон солҳо боз миёни давлат ва гуруҳи Толибон, ки онро мухолифон низ меноманд, ҷанг идома дорад. Гуруҳи ДОИШ ҳам бо Толибон ва ҳам бо неруҳои давлати Афғонистон мушкил дорад.

Пештар, Созмони милали муттаҳид аз фаъол шудани гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон гузориш дода буд.

Ин гурӯҳ соли 2014 дар ҳудуди Ироқ ва Сурия қаламраверо зери назар даровард ва “Хилофат” эълон кард.

Пас аз шикаст дар Сурия ва Ироқ ин гуруҳ бештар дар Афғонистон фаъол шудааст.

Лукашенко мегӯяд, гуруҳи боздоштшуда "ҳадафи дигар"  дошт

Александр Лукашенко, президенти Белорус бо раҳбари КГБ ва раҳбари Кумитаи тафтишотии кишвараш

Александр Лукашенко, президенти Белорус гуфтааст, ки кишвараш омодаи ҳамкорӣ бо Русия дар робита ба боздошти 33 шаҳрванди ин кишвар аст. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС хабар додааст.

Ҳафтаи гузашта дар Белорус 33 шаҳрванди Русияро боздошт карданд, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, онҳо дар остонаи интихоботи президентӣ ҳадафи тахрибкорӣ доштанд. 9-уми август дар Белорусия бояд интихоботи президентӣ баргузор шавад.

Хабаргузории белорусии БЕЛТА навиштааст, ки Александр Лукашенко ҳисоботи раҳбари КГБ ва Кумитаи тафтишотро дар бораи боздошти 33 нафар шунидааст.

Лукашенко бисёре аз далелҳои парвандаро "ҷолиб" хондааст. Ба гуфтаи тафтишот, бештари боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки гуё ба Туркия сафар доштанд.

Лукашенко ин далелро беасос хонда гуфтааст, боздоштшудаҳо "ҳадафҳои дигар" доштанд. Ба гуфтаи ӯ, тафтишот ҳадафҳои онҳоро дақиқ хоҳад кард.

Мақомоти Русия ҳанӯз ба ин гуфтаи Лукашенко вокуниш накардаанд.

Александр Агафонов, раҳбари гуруҳи тафтишотӣ ба хабаргузории БЕЛТА гуфтааст, ки бо 33 нафари боздоштшуда сӯҳбат кардаанд.

11 нафар гуфтаанд, ки мақсад доштанд, аз тариқи Белорус ба Венесуэла, 15 нафар ба Туркия, ду нафар ба Куба ва як нафар ба Сурия раванд. Як нафар ба куҷо рафтанашро гуфта натавонистааст.

Се нафари дигар аз додани нишондод худдорӣ кардаанд.

Мақомот мегӯянд, аксари боздоштшудаҳо дар даст билети парвоз ба самти Туркияро доштанд, вале дар амал чунин ният надоштанд.

Мақомоти Белорус ишора мекунанд, ки Русия ҷангиёни ширкати хусусии "Вагнер"-ро барои харобкорӣ ба Белорус фиристодааст. Ҳанӯз Русия ба ин вокуниш накардааст.

Ширкати ҷангиёни "Вагнер" дар ҷангҳои Сурия ва Либия тасдиқ шудааст.

Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 раҳбар Белорус аст, боз мехоҳад дар интихобот иштирок кунад.

Аз шумораи сокинон то хонаву дин. Барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Дар остонаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳокимбек Накҳатзода, сардори намояндагии Оҷонси омор дар вилояти Суғд, охири ҳафтаи гузашта гуфт, ин маърака аз 1 то 15-уми октябри имсол сурат мегирад. Дар он рӯзҳо кормандони Оҷонси омор якҷо бо намояндагони ниҳодҳои дигар аҳолӣ ва манзилҳоро ба рӯйхат мегиранд. Бори аввал ба суолнома пайравии сокинон аз дин ҳам дохил карда шудааст. Чизе, ки дар пурсишномаҳои пешин набуд. Ҳокимбек Накҳатзода мегӯяд, дар қадами аввал манзили сокинони деҳаҳои калонро дар вилояти Суғд рақамгузорӣ кардаанд. Ин гуна шумориш дар Тоҷикистон маъмулан дар 10 сол як бор ҷараён мегирад. Ба ҷуз ин Оҷонси омор ҳар сол аҳолии кишварро мешуморад ва бино ба иттилои ин ниҳод дар моҳи январи имсол шумораи аҳолии Тоҷикистон беш аз 9 миллиону 300 ҳазор будааст.

Теъдоди беморони COVID-19 дар Тоҷикистон ба 7451 расид, омори талафот бетағйир аст

Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар як ҳафтаи ахир фавти беморони коронавируси навро сабт накардааст. Ба иттилои расмӣ аз замони эътирофи расмии пандемия дар Тоҷикистон 60 кас аз COVID-19 даргузаштаанд. Дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 22-юми июл номи беш аз 440 нафарро дарҷ кардаанд. Аммо шумори гирифторони бемории ҳамагир дар Тоҷикистон ҳар рӯз дар ҳоли тағйир аст. Вазорати тандурустӣ рӯзи 1-уми август гуфт, дар як шабонарӯзи гузашта бемории 42 каси дигарро тасдиқ карданд ва омори умумии беморон ба 7451 нафар расид. Мутахассисон мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторон зиёд бошад. То кунун, ба қавли мақомот, 6233 нафар ё 83,6 дар сади беморон шифо ёфтаанд. Мақомот мегӯянд, ҳоло вазъи вобаста ба коронавирус дар кишвар муътадил аст ва дар 85 бемористон зиёда аз 7500 пизишк ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб барои муқобила бо вируси нав омодаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG